МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Забоншиноси немис К.Беккер дар асари худ «Организми забон» (1869) қонунҳои мантиқро ба материали забони немисӣ татбиқ менамуд. Омӯзиши ҷумларо аз мантиқ ва услуб гирифта ба грамматика медиҳад. Принсипи мантиқӣсемантикии ҷудо намудани ҳиссаҳои нутқ ва аъзоҳои ҷумла солҳои зиёд дар грамматикаҳои забонҳои ҳозира асосиро ишғол менамуд.
Олимони зиёде ин ҷараёнро тарафдорӣ намуда, ақидаҳои онро давом ва инкишоф додаанд. Дар Русия Греч Н.И. («Грамматикаи амалии русӣ» - 1827) ва Давидов И.И.
(«Таҷрибаи грамматикаи умумимуқоисавии забони русӣ» - 1852) ба ин мактаб дохил мешуданд.
Яке аз забоншиносони номии рус Буслаев Фёдор Иванович (1818-1897) намояндаи ҷараёни мантиқӣграмматикӣ буд. Ӯ дар асоси материали бойи забони русӣ анъанаи забоншиносон – аз Ломоносов то Востоков ва инчунин забоншиносони Европа Ҳумболдт, Бопп ва махсусан Гриммро давом ва инкишоф медиҳад.
Буслаев ба масъалаи ягонагии назарияву амалия диққат медод. Дар тадқиқи асосҳои грамматикаи мантиқӣ (фалсафа), филологӣ ва таърихӣ муайян намудани муносибати байни анъанаҳои филологиву лингвистӣ масъалаи марказӣ ба ҳисоб мерафт.
Тарзи тадқиқи филологӣ ба омӯзиши забонҳои мурда равона карда шудааст. «Барои филолог, - менависад Буслаев, - забон танҳо воситаи дарк намудани адабиёти қадима мебошад».
Фақат донистани қоидаҳо ва дар хотир нигоҳ доштани онҳо кифоя нест, бояд онҳоро «фаҳмид». Тарзи лингвистии омӯзиши забон ба фаҳмидан ҳидоят мекунад. Забони ҳозира аз маҷмуи шаклҳои грамматикии аз ҷиҳати баромаду таркиб ниҳоят гуногун иборат аст. Онҳоро ҳамон вақт фаҳмидан мумкин аст, ба шарте ки қисматҳои ҷудогонаи он дар алоқамандӣ бо кулл мувофиқи қонунҳои тараққиёти таърихӣ омӯхта шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё