МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хондан- калима, ибора ва ҷумла; - фонема, морфема, ва лексема; - ҳиҷо ва ҳиҷосозӣ; - ибора ва ибораороӣ; + системаи шаклҳои гуногуни як калима, намуна; #. Истилоҳи «сотсиолингвистика»-ро чӣ гуна маънидод мекунед?
- соҳаи забоншиносӣ, ки масъалаҳои ҷамъиятӣ будани забон, инкишофи забон ва вазифаи онро дар асоси шароити ҷамъиятӣ меомӯзад; - яке аз шохаҳои забонҳои аврупоӣ, ки ба оилаи забонҳои немисӣ ва испанӣ дохил мешавад; - соҳаи забоншиносӣ, ки ба масъалаҳои дохилӣ ва берунии забон далолат мекунад; - яке аз шохаҳои забонҳои аврупоӣ буда, доир ба масъалаҳои фонетикиву лексикологӣ, морфологию синтаксисӣ маълумот медиҳад; - соҳаи забоншиносӣ, ки ба масъалаҳои фонетикиву лексикологӣ, морфологию синтаксисӣ маълумот медиҳад; #. Истилоҳи «адстрат» чӣ маъно дорад?
- натиҷаи таъсири як забон ба забони дигар дар шароити ҳамзистии дурударози халқҳои такаллумкунанда; - таъсири як забон ба забони дигар; - таъсири як забони нав ба гурӯҳи забонҳои дигар; - таъсири забони русӣ ба забонҳои дигари Шуравӣ; - таркиби луғавии забон ва фонди асосии забонро адстрат мегӯянд; #. Истилоҳи «иқтибос» чӣ маъно дорад?
- калима,таркибу ибораи аз забони дигар бевосита ё бавосита воридшударо иқтибос меноманд; - калимаҳои аз забони арабӣ воридшударо иқтибос меноманд; - калимаҳои наве, ки аз забон ихроҷ мешаванд, иқтибос ном доранд;
- калимаҳое, ки аз замонҳои пеш ба мо мерос мондаанд, иқтибос ном доранд; #. Истилоҳи «субстрат» чӣ маъно дорад?
- осори забони аслии мардуми маҳаллист, ки дар забони нави онҳо бо сабабҳои гуногуни таърихӣ боқӣ мондааст; - калима,таркибу ибораи аз забони дигар бевосита ё бавосита воридшударо субстрат меноманд; - натиҷаи таъсири як забон ба забони дигар дар шароити ҳамзистии дурударози халқҳои такаллумкунанда; #. Аз намунаҳои зерин методҳои забоншиносиро нишон диҳед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё