МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
НАХУСТЗАБОН – забони аввалине, ки гурӯҳи забонҳои хеш аз он ба амал омадаанд. Нахустзабон бо ёрии методи муқоисавӣтаърихӣ барқарор карда мешавад: забонҳои ҳиндуаврупоӣ, туркӣ.
ОВОЗ – унсури нутқи гуфташудаистода, ки ба воситаи органҳои нутқ ба амал оварда мешавад ва ба ҷузъи хурдтар тақсим намешавад. Вай дар як артикулятсия ба амал меояд ва як ҷузъи ҳиҷо мебошад. Миқдори овозҳо дар забон ниҳоят зиёд аст. Дар калимаҳои «идрок», «тир», «хирс», «шинос», «шодӣ» як фонемаи «и» бошад ҳам, шаш овози «и» мушоҳида мешавад.
Овозро фонетика меомӯзад ва он хоси нутқ аст.
ПАНХРОНИЯ – ҳодисаҳои лингвистӣ аст, ки берун аз вақту замон ба таври умумӣ ё ки универсалӣ, яъне умуман ба забони инсон хос маънидод карда мешавад.
ПАРАДИГМА – ҷамъи вариантҳои ин ё он унсури забон парадигма номида мешавад. Маҷмуи тағйироти шаклии барои ин ё он калима ё ҳиссаи нутқ хосе, ки бо ёрии флексия ва ё аффиксҳо ба вуҷуд оварда шудаанд. Морфемаҳои -чӣ, -гор, -гар, -ор, -вар,
-вор парадигмаи исми шахс мебошанд. Таснифи феълҳо низ ба парадигма дохил мешавад.
ПАРАДИГМАТИКА – тадқиқотҳои воҳиди забонӣ (калима) дар маҷмуи шаклҳои якхела, ки дар муқобилгузорӣ ба вуҷуд омада, хусусияти якхелаи грамматикӣ пайдо мекунанд. Вай хоси забон аст.
ПАРАЛИНГВИСТИКА – қисмати забоншиносӣ, ки воситаҳои
ғайризабониро, ки ҳангоми нутқ дар якҷоягӣ бо воситаҳои забонӣ
ахбори маънодорро ифода мекунад, меомӯзад ё ки маҷмуи
воситаҳои ғайризабонӣ дар нутқ иштироккунандаро паралингвистика меноманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё