Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ЗАМИМА I

Мухтасари истилоҳоти забоншиносӣ

АДСТРАТ – як навъи таъсири забонҳо ба якдигар буда, асосан дар байни ду халқи ҳамсоя мушоҳида мешавад. Онҳо ба якдигар калима медиҳанд. Масалана, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, арманӣ ва гурҷӣ.

АМОРФӢ – (юн. amorphous аз а- - бе-+morphē-шакл). Забонҳои бешакл ҷудокунанда, решагӣ. Забонҳое, ки пешванду пасванд надоранд ва маънои дастурӣ (ҳолат, шумора, шахс, замон…) ё бо роҳи ҳамроҳшавии (пайвастшавӣ) калимаҳо ё тавассути калимаҳои ёридиҳанда ифода меёбад. Забони чинӣ намунаи забони бешакл аст.

АНАЛОГИЯ – мувофиқшавӣ, монандшавӣ. Таъсири унсурҳои сермаҳсул ба гурӯҳи каммаҳсул. Ба вуҷуд омадани қолабҳои забонии ба ҳам монанд. Бо таъсири «понздаҳ» пайдо шудани «шонздаҳ» ё ки вожаҳои алифбо, алфавит, азбуки.

АРГО – забони шартиест, ки ба гурӯҳи алоҳидаи ҷамъият хос буда, аз забони гуфтугӯйӣ ва адабӣ фарқ мекунад. Онро гурӯҳи махсуси ҷамъият – мактаббачагон, донишҷӯён, варзишгарон, ҳунармандон, ҳарбиён, дуздон, қиморбозон истифода мебаранд.

АХРОНИЯ – ҳангоми тадқиқи ҳодисаҳои забонӣ ба эътибор нагирифтани вақту замон ва омӯзиши умуман забони инсон. Гӯё хусусиятҳои забонӣ тағйирнаёбанда буда, дар ҳар як давраи инкишофи забони ҷудогона онро ошкор кардан мумкин набошад.

пешина
аз 210
навбатӣ