МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Методи таърихӣ-муқоисавӣ
Методи муқоисавӣ-таърихӣ ба он асос карда шудааст, ки забонҳои хеш бо ҳам муқоиса карда мешаванд. Бо ин метод забонҳо таърихан омӯхта мешаванд. Бо методи муқоисавӣтаърихӣ ҳам забонҳои хеш ва ҳам давраҳои гуногуни худи як забон, яъне пайдарҳамии онҳо омӯхта мешавад. Масалан, давраи қадим ва ё миёнаи забонҳои форсӣ-тоҷикӣ.
Методи таърихӣ-муқоисавӣ системаи услуҳо ва методикаи таҳлил аст, ки ҳангоми омӯзиши тараққиёти таърихии забони ҷудогона бо мақсади ошкор намудани қонунияти дохилӣ ва берунии тараққиёти он истифода карда мешавад. Ба воситаи ин метод айният ва фарқи таърихии шаклҳову овозҳои забон барқарор карда мешавад.
Бо ин метод одатан як забон омӯхта мешавад, дар ин ҷо муқоисаи забонҳо нест. Маводҳои забонӣ дар давраҳои гуногуни тараққиёти он муқоиса карда мешавад. Ҳангоми омӯзиши таърихӣ-муқоисавӣ барқарор намудани айнияти овоз, шаклҳо, қолабҳо, калимаҳо шарт ва зарур аст, зеро танҳо дар ҳамин ҳолат тадқиқи минбаъдаи онҳо имконпазир мебошад. Азбаски бо ин метод далелҳои забонии ин ё он забони ҷудогона тадқиқ карда мешавад, баробари нишон додани айнияти воҳидҳои забонӣ фарқи онҳоро нишон додан ҳам аҳаммияти калон дорад.
Инкишофи забоншиносии муқоисавӣ-таърихии асрҳои ХІХ-ХХ на танҳо забонҳои хаттии қадимаро ошкор намуду онҳоро омӯхт, балки лаҳҷаву шеваҳои ҳозиразамонро низ ба омӯхтан сар кард.
Методҳои муқоисавӣ-таърихӣ ва таърихӣ-муқоисавӣ бо маводи забонҳои хеш маҳдуд мешаванд. Дар тартиб додани фонетика, грамматика, лексикологияи таърихӣ ва ё муайян намудани хусусиятҳои ҷудогонаи забонҳои хеши ҳозира ҷанбаи таърихӣ роли муҳим ва ҳалкунанда мебозад. Дар ҳолати ба таври муқоиса омӯхтани хоҳ забонҳои хеш ва хоҳ ғайрихеш ҷанбаи таърихӣ ҳеҷ гуна рол намебозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё