МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
сигнал аломат
рамз (забонӣ)
km[klblml
(муавваз)
Аломати забонӣ ба куллӣ аз аломатҳои дигар фарқ мекунад, зеро вай аломати асосии коммуникативӣ мебошад, вале аломатҳои дигар нисбат ба аломатҳои коммуникативиашон ёридиҳанда мебошанд.
Сигнал – ин аломати овозӣ, биниш ва ё ягон аломати шартист, ки ахборот медиҳад. Фарқи ин аломат аз аломатҳои дигар дар он аст, ки вай ба сари худ, бе ситуатсия (шароит) ахборотро ифода намекунад: гудоки заводу занги мактаб. Занги мактаб аз зангҳои дигар (масалан, занги дар, телефон) аз ҷиҳати сифат, давомнокӣ ва ё миқдор фарқ намекунад, вале вобаста ба шароит онҳо маъноҳои гуногунро ифода мекунанд.
Символ (рамз) аз сигнал бо он фарқ мекунад, ки вай мақсаднок аст, ба сари худ маъноро ифода карда метавонад, ба шароит мӯҳтоҷ нест. Масалан, нишонии (герби) давлат, шаҳр ва ё гербу байрақ. Ё ки рамзи пионеру комсомол, ҳарбӣ, ордену медалҳо, досу болға ва ғр.
Аломати забонӣ ба куллӣ аз сигналу рамз фарқ мекунад, вай намуди асосии коммуникатсия ва информатсия мебошад. Аломати забонӣ аз қабили калимаю ҷумла ҳам дарк карда мешавад ва ҳам ахбори вобаста шударо ифода мекунад. Ҳамин калимаю ҷумла функсияи номгузорию предикативиро адо намуда, забонро бо тафаккуру ҷамъият алоқаманд мекунонанд. Калима чун аломат ба ҳамаи забонҳо хос аст, вале мафҳум ва тарзи ифодааш дар забонҳо гуногун аст. Масалан, мафҳуми ҷойи истиқомат дар забони тоҷикӣ хона, дар русӣ дом, дар ӯзбекӣ уй, дар украинӣ дим ва ғ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё