Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соссюр «забонро системаи аломатҳои ифодакунандаи идеяҳо» номида буд. Баробари ин таъкид карда буд, ки системаи аломатҳои забонӣ аз системаи аломатҳои дигар фарқ мекунад. Он аломатҳоро агар як ҷузъи психологиясемиология омӯзад, аломатҳои забонро лингвосемиотика меомӯзад. Структуралистон ба ин масъала диққати махсус додаанд.
Семиотика назарияи умумии аломат мебошад. Вай табиат ва системаи аломат, намудҳои аломат ва тағйиротҳои онро меомӯзад. Одатан се ҷиҳати аломат (знак): муносибати аломатҳо бо якдигар, муносибати аломат бо предмети ифодакунандааш ва муносибати истифодабарандагони аломат нисбати аломат.
Азбаски аломатҳо гуногунанд, онро ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд: а) аломатҳои табиӣ ва б) аломатҳои сунъӣ.
Аломатҳои табиӣ аслан аломат нестанд, зеро онҳо ҷузъи ҳамон предмет ва ё ҳодисаанд, ки мардум онро меомӯзанд ва дарк мекунанд: Офтоби сӯзон нишонаи аломати тобистон, барф хосияти зимистон аст. Ҳамин аломатҳо – офтобу барф, нишони тобистону зимистон мебошад. Вале аломатҳои сунъӣ барои ба шакл даровардан, нигоҳ доштан ва хабар расонидан махсус офарида мешаванд. Онҳо предметҳо, ҳодисаҳо, мафҳумҳо ва муҳокимаҳоро иваз мекунанд, яъне ба онҳо меоянд. Ин аломатҳо ҷузъи предмету ҳодисаҳо нестанд. Онҳо сунъӣ буда, ҳамчун воситаи муносибат хизмат мекунанд ва аз ин рӯ, онҳоро аломати коммуникативӣ ва информативӣ меноманд.
Аломатҳои информативӣ гуногун буда, ҳам аз рӯйи таъинот, ҳам аз рӯйи сохт ва ҳам аз рӯйи ташкиливу системаашон аз ҳам фарқ мекунанд. Аломати информативӣ чунин намудҳо дорад: сигнал, рамз, аломат (забонӣ) ва аломат субститут.

пешина
аз 210
навбатӣ