МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки бо вуҷуди ҳодисаи фардӣ будани нутқ одамон ҳамдигарро мефаҳманд, чунки бисёр чизҳо (фонемаҳо, морфемаҳо, калимаҳо ва ҷумлаҳо) ва қонунҳои онҳо хусусияти умумӣ, универсалӣ доранд. Ҳамаи ин умумиятҳо ва қоидаҳо ба забон тааллуқ доранд ва бо ёрии ҳамин умумият нутқи шахсони ҷудогона ба ҳам муттаҳид мешавад ва асоси забонро ба вуҷуд меорад. Ҳамаи ин – ҷараёни сухан кардану фикри дигаронро фаҳмидан асоси иҷтимоӣ (ҷамъиятӣ) дорад. Ҳамин асоси иҷтимоии нутқ забонро ташкил медиҳад. Пас нутқ ба забон чун ҳодисаи хусусиву индивидуалӣ, чун ҳодисаи ҷамъиятиву иҷтимоӣ тааллуқ дорад. Нутқ ба шароит вобаста буда, бо он сахт алоқаманд мебошад, ҳол он ки воҳидҳои забон ва қоидаҳои он ба шароит вобастагӣ надоранд.
Ҳамин тариқ, нутқ ҳамеша мақсаднок буда, ба шароит вобаста мебошад, вале забон ба ин чизҳо бетараф аст.
Унсурҳои нутқ бо тартиб, пайдарпай ҷой мегиранд. Ҳамин хусусиятро ҳангоми фаҳмидани нутқ ҳам мушоҳида карда метавонем. Агар ин пайдарпаӣ набошад, нутқро фаҳмидан мумкин нест. Забон хусусияти иҷтимоӣ дошта бошад, нутқ хусусияти индивидуалӣ дорад, забон устувор, вале нутқ тағйирёбанда мебошад. Нутқ бояд талаботро пурра иҷро кунад, барои ин вай аз забон, аз маводи бойи он ҳамон воҳид, ҳамон унсурро интихоб мекунад, ки мақсад пурра ифода гардад. Нутқ барои ифодаи фикр, ифоданокиву образнокии он варианти муносибтаринро интихоб мекунад.
Бо ин мақсад дар нутқ аз метонимия, метафора, такрор, ҷойивазкунӣ, муқоисакунӣ ва ташбеҳ фаровон истифода мебаранд. Вақте ки ин чизҳо хусусияти умумӣ пайдо карданд, ба забон мегузаранд. Ба нутқ эҷодкорӣ хос аст.
Ҳамаи он чизҳое, ки дар забон мушоҳида мешавад, аввал дар нутқ санҷида, аз имтиҳон гузаронида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё