МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
забону нутқро нишон медиҳад ва баробари ин ба онҳо «сверхязыковой остаток»-ро (як чизи аз забон зиёдатӣ) илова мекунад. Аксари забоншиносони ҳозира забону нутқ ва норма (меъёр)-ро фарқ мекунанд. Умумияти онҳо – Соссюр, Шерба ва Смирнитский дар фаҳмиши забон он аст, ки забон абстраксияест, ки аз нутқ гирифта шудааст. Онҳо забонро натиҷаи маҳсули фаъолияти лингвистии мутахассисон медонанд. Гурӯҳи дигар баракс забонро мустақилу нутқро маҳсули он мешуморанд. Профессор Ломтев Т.П. таъкид мекунад, ки моҳияти забон бо ёрии нутқ маълум мегардад.
Маълум мешавад, ки забону нутқ ба ҳам алокаи зич доранд, бе ҳамдигар вуҷуд надоранд. Баробари ин бояд қайд кард, ки байни онҳо ҳам умумияту ҳам фарқ мушоҳида мешавад.
Забон ҳодисаи ҷудогонаест, ки дар шуури одамон вуҷуд дорад ва ба воситаи он аз хурдсолӣ гуфтугӯй кардан, фикр намудан ва ё нутқ, фикр ва ҳиссиёти дигаронро фаҳмидан мумкин аст.
Забон ин системаи воҳиди материалиест, ки муоширати байни одамонро таъмин мекунад ва дар шуури онҳо ба таври мавҳум фикр, ҳиссиёт ва хоҳишро инъикос менамояд.
Агар воҳидҳои забон ба таври доимӣ ба фикр ва ё ҳиссиёти мушаххас вобаста шуда бошанд, олоти муоширати универсалӣ шуда наметавонанд. Агар забон механизми мураккаби аломати таърихан барои муошират баамаломада бошад, нутқ ин аломати бо тартиб гузошташудаи забонист, ки мувофиқи қонунҳо ва маводи он сохта шудааст ва мувофиқи талаб маънои мушаххаси фикр, ҳиссиёт, рӯҳия, ҳолат, ирода, хоҳиш ва ғайраро ифода мекунад.
Нутқ воситаи амалӣ гардонандаи забон мебошад. Нутқ ҳодисаи фардӣ аст ва он яке аз он воситаҳоест, ки шахсро чун фард, чун шахси ҷудогона нишон медиҳад. Нутқ воситаи алоқа буда, ба воситаи он фикр, ҳиссиёт, хоҳиш ва иродаи худро ифода намудан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё