МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ногаҳон дардҳои худро фаромўш карду кинае, ки аз он савор ба дил гирифта буд, берун рехт ва рўйи дасту пойи савор афтод ва аз меҳрубонию дониши ў, ки сабаби раҳоиаш шуд, арзи сипос карда гуфт:
Афв кун, эй хубрўйи хубкор,
Он чӣ гуфтам аз ҷунун, андаргузор.
Савора гуфт:
–Агар ба ту мегуфтам, ки мор ҳангоми хоб ба даҳонат рафтааст, метарсидам, ки аз шиддати тарс ҷон бидиҳӣ. Аз ин сабаб хомўш мондам ва танҳо ба коре, ки муфид мепиндоштам, пардохтам. Чун бо хўрдани себҳои пўсидаву тосида дил беҳузур мешавад ва давидан ҳам ёрӣ мерасонад, ки ҳар чӣ ҳаст, бо фишор аз шикам берун барояд, умедвор будам, ки мор ҳам пеш аз ин ки туро неш бизанад, ҳамроҳи зардобу гандидаҳои себ аз даҳонат берун мешавад. Шукри Худо, ки комёбу пирўз шудам ва ту аз осеби мор дар амон мондӣ, аммо бидон, ки агар медонистам тадбири ман бекор аст, ҳаргиз туро озор намедодам.
Пайғамбари акрам (с) дар ин маврид барҳақ фармудаанд: «Дар ҷони ҳар кас нафси ў душмани ў чу мор аст. Раҳоӣ аз ў ба тозиёна хўрдан ва озор кашидан аст».
ДОСТОНИ ХИРСУ МАРДЕ, КИ ЎРО АЗ
ЧАНГОЛИ АЖДАҲО НАҶОТ ДОД
Аждаҳое хирсро дармекашид,
Шермарде рафту фарёдаш расид.
Шермардонанд дар олам мадад,
Он замон, к-афғони мазлумон расад.
Бонги мазлумон зи ҳар ҷо бишнаванд,
Он тараф чун раҳмати Ҳақ медаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё