МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ў ба ҳамаи забонҳо доност ва аз ҳамаи қалбҳо огоҳ аст.
Мўсо дар пайи фармони Худованд биёбонро зери по гузошт ва он қадар ҷустуҷў кард, ки чўпони саргардонро ёфту аз ў узр хост. Дастури Худовандро ба ў расонид ва вайро хушҳолу хушнуд сохт:
Чунки Мўсо ин итоб аз Ҳақ шунид,
Дар биёбон дар пайи чўпон давид.
Бар нишони пойи он саргашта ронд,
Гард аз паррай биёбон барфишонд.
Оқибат дарёфт ўрову бидид,
Гуфт: «Мужда деҳ, ки дастуре расид:
Ҳеч одобеву тартибе маҷў,
Ҳар чӣ мехоҳад дили тангат, бигў.
ДОСТОНИ МАРДЕ, КИ МОР ДАР
ДАҲОНАШ РАФТА БУД
Оқиле бар асп меомад савор,
Дар даҳони хуфтае мерафт мор.
Он савор онро бидиду мешитофт,
То рамонад морро, фурсат наёфт.
Саворе ба роҳе мегузашт. Зери дарахте мардеро хуфта дид, ки море ба даҳонаш мерафт. Чун натавонист морро тарс диҳад, барои ин ки марди хобидаро бедор кунад, бо тозиёна ўро зад, то аз хоб бархезад. Сипас ўро бо зўри тозиёна маҷбур ба тез давидан кард. Бо зўр себҳои бадбўйи зери дарахтро ба ў мехўронду медавонидаш. Ҳарчанд мард зорӣ мекард, ки чаро ўро мезанаду медавонад, савор чизе намегуфт. Он қадар он мард себи бадбўй хўрду давид, ки оқибат дилаш ғаш кард ва зардаи ў ба ҷўш омад. Ҳар чӣ хўрда буд, боло овард.
Дар миёни себҳои гандида мор ҳам аз даруни вай берун ҷаст. Чашми он мард, ки ба мор афтод, донист, ки чӣ пеш омада ва барои чӣ савори доно базўр ўро водор ба хўрдани себи тосидаву пўсида кард ва маҷбур ба давидан намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё