МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Мо барӣ аз поку нопокӣ ҳама,
Аз гаронҷониву чолокӣ ҳама.
Ман накардам амр, то суде кунам,
Балки то бар бандагон ҷуде кунам.
Ҳиндувонро истилоҳи ҳинд мадҳ,
Синдиёнро истилоҳи синд мадҳ.
Ман нагардам пок аз тасбеҳашон,
Пок ҳам эшон шаванду дурфишон.
Мо забонро нангарему қолро,
Мо равонро бингарему ҳолро.
Худованд ба Мўсо (а) гуфт:
–Ман ба халқ ниёз надорам. Онҳоро аз роҳи бахшиш зиндагӣ додам. Табъи ҳар кас хоси худи ўст, ҳар кас бо забони худ ва бо фаҳми худ ба ман розу ниёз мекунад. Ҳиндӣ бо забони худ ва эронӣ бо забони худ.
Ман муҳтоҷи ситоиш нестам. Инҳо одоби мардуми рўзгор аст. Ман ба қалби поку нияти хуб нигоҳ мекунам:
Мўсиё, одобдонон дигаранд,
Сўхтаҷону равонон дигаранд.
Ошиқонро ҳар нафас сўзиданист,
Бар деҳи вайрон хироҷу ушр нест.
Гар хато гўяд, варо хотӣ магў,
Гар бувад пурхун шаҳид, ўро машў.
Хун шаҳидонро зи об авлотар аст,
Ин хато аз сад савоб авлотар аст.
Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,
Ошиқонро миллату мазҳаб Худост.
Сипас Худованд ба Мўсо фармон дод, ки ў чўпонро биёбад ва аз ў узр бихоҳаду дилҷўйӣ кунад. Ба ў бигўяд, ки ба ҳар забону ҳар гуна, ки дилаш мехоҳад, бо ман гуфтугў кунаду хоҳиши худро бозгў намояд. Худованд забони хос интихобкарда надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё