МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Гуфт: «Бо он кас, ки моро офарид,
Ин замину чарх аз ў омад падид».
Мўсо (а) ба он марди содадил ғазаб карду гуфт:
–Магар кофир шудаӣ? Худо монанди мо нест, ки ҳоҷат ба парасторию ғамхорӣ дошта бошад, ё пойафзор бихоҳад, ё рахти хоб лозимаш бошад.
Гуфт Мўсо: «Ҳой, бас мудбир шудӣ,
Худ мусулмон ношуда, кофир шудӣ.
Ин чӣ жож аст? Ин чӣ куфр асту фушор?
Пунбае андар даҳони худ фашор.
Ганди куфри ту ҷаҳонро ганда кард,
Куфри ту дунёи динро жанда кард.
Чоруқу потоба лоиқ мар турост,
Офтоберо чунинҳо кай равост?
Гар набандӣ з-ин сухан ту ҳалқро,
Оташе ояд, бисўзад халқро».
Агар ин гуна сухан бигўйӣ, дунё хароб мешавад.
Оташе меояду ҳама мардумро месўзонад. Ин қадар ёва нагўй! Дўсти нодон бадтар аз душман аст!
Чўпон аз тарси хашми Худованд фарёд зад:
– Эй Мўсо, ту бо ин сарзанишҳо ҷони маро сўхтӣ ва даҳонамро аз пушаймони дўхтӣ!
Он гоҳ ҷомаи худро дариду гиребончок сар ба биёбон гузошт.
Худованд ба Мўсо (а) гуфт:
– Ин чӣ коре буд, ки кардӣ? Ту бандаи маро озурдӣ!
Ваҳй омад сўйи Мўсо аз Худо:
«Бандаи моро зи мо кардӣ ҷудо.
Ту барои васл кардан омадӣ,
Ё барои фасл кардан омадӣ?
Ҳар касеро сирате бинҳодаам,
Ҳар касеро истилоҳе додаам.
Дар ҳаққи ў мадҳу дар ҳаққи ту зам,
Дар ҳаққи ў шаҳду дар ҳаққи ту сам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё