МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,
Аз муҳаббат миссҳо заррин шавад.
Аз муҳаббат дурдҳо софӣ шавад,
Аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад.
Аз муҳаббат мурда зинда мекунанд,
Аз муҳаббат шоҳ банда мекунанд.
Ин муҳаббат ҳам натиҷай дониш аст,
Кай газофа бар чунин тахте нишаст.
ДОСТОНИ МЎСО ВА ШУБОН
Мўсо (а) чўпонеро дид, ки бо Худованд розу ниёз мекард ва бо забону фикри содаи худ замзама менамуд:
–Эй Худо! Ту куҷо ҳастӣ, ки ба ту хидмат кунам, саратро шона кунам, хонаатро бирўбам, кафш ба поят кунам, дастҳоятро бибўсам, поятро бимолам, рахти хобатро паҳн кунам! Эй Худои ман! Ҷони ману фарзандону хонаамон фидои ту! Бузҳои ман ба қурбонии ту! Ту куҷо ҳастӣ. Агар бемор шавӣ, туро парасторӣ мекунам, агар танҳо шудӣ, ғамхори ту мешавам.
Дид Мўсо як шубонеро ба роҳ,
К-ў ҳамегуфт: «Эй Худову эй Илоҳ!
Ту куҷоӣ, то шавам ман чокарат,
Чоруқат дўзам, кунам шона сарат.
Ҷомаат шўям, шапушҳоят кушам,
Шир пешат оварам, эй муҳташам!
Дастакат бўсам, бимолам поякат,
Вақти хоб ояд, бирўбам ҷоякат.
Эй фидои ту ҳама бузҳои ман,
Эй ба ёдат ҳай-ҳаю ҳайҳои ман».
Мўсо (а), ки ин гуфтаҳоро шунид, дар хашм шуду аз шубон пурсид:
– Бо кӣ сухан мегўйӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё