Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зуннун чун сухани онҳоро шунид, ҳамаро дашном дод ва ба ҷониби онҳо кулўху санг ҳаво дод. Дўстон гурехтанд. Зуннун бо садои баланди қаҳқаҳазананда хандида гуфт:
– Шумо чӣ дўстоне ҳастед, ки аз дўст мегурезед?
Магар барои дилсўзӣ ва дилдории ман наомадаед?

Кай карон гирад зи ранҷи дўст дўст?
Ранҷмағзу дўстӣ онро чу пўст.
Дўст ҳамчун зар, бало чун оташ аст,
Зарри холис дар дили оташ х(в)аш аст.

ДОСТОНИ
ЛУҚМОНИ ҲАКИМ ВА ХОҶААШ
Луқмони ҳаким барои озмоиши донишомўзӣ ба хидмати марде даромада буд. Хоҷаи ў медонист, ки ў донишманд аст ва барои таҷриба андўхтан ғуломиро интихоб кардааст. Аз ин сабаб, ўро бисёр гиромӣ медошт.
Дар ҳар кор бо ў машварат мекард. Ў ҳаргиз ғизое, ки барояш меоварданд, намехўрд, то ин ки Луқмон аз он начашаду нахўрад.
Рўзе барои ў харбуза ҳадя оварданд. Хоҷа Луқмонро хост ва як тилими харбуза ба ў дод. Луқмон онро бо лаззат хўрд ва хоҷа пай дар пай тилимҳои харбузаро ба ў доду ҳамаро бо кушодарўйӣ хўрд. Дар охир як тилим монда буд. Хоҷа онро худаш хўрд ва аз шиддати талхӣ забонаш оташ гирифт, гулўяш сўхт ва гуфт:
–Ту чӣ гуна харбузаи бо ин талхиро хўрдӣ ва рўй турш накардӣ.
Луқмон гуфт:
–Ту он қадар ба ман муҳаббат кардаӣ, ки шармам омад, чизе, ки ту ба ман медиҳӣ, баргардонам ва мойил ҳам набудам, ки бо чашидани харбузаи талх туро ба дарди сар биандозам ва шахси ҳадяовардаро ҳам шармгину хиҷолатзада кунам.

пешина
аз 298
навбатӣ