Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Акнун сазои ту ин аст, ки ҳамеша фармонбару зердасти ў бошӣ ва ҳар чӣ бигўяд, бикунӣ. Вай бар ту амиру фармонравост ва ту зердасти ўстӣ.
Сурати зоҳир фано гардад, бидон,
Олами маънӣ бимонад ҷовидон.
Чанд бозӣ ишқ бо нақши сабў?
Бигзар аз нақши сабўву оби ҷў.
Сураташ дидӣ, зи маънӣ ғофилӣ,
Аз садаф дурре гузин, гар оқилӣ.

ДОСТОНИ ПОДШОҲУ ҒУЛОМУ
ДАРБОРИЁНИ ҲАСУД

Подшоҳе яке аз зердастонашро аз миёни ҳамаи фармонбардорони худ баргузид ва мақоми болотарро дар дарбори худ ба ў дода буду беш аз ҳама ба ў меҳрубон буд. Ҳеҷ кадом аз вазирон пеши шоҳ пояи ўро надошт. Шоҳ чунон ба вай эътимод дошт, ки монанди як рўҳ дар ду бадан буданд. Он мард ҳам дар фармонбардории ў кўтоҳӣ намекарду пайваста чунон мекард, ки писанди шоҳ буд. Дарбориён бар ў рашк бурданд ва кўшиданд, ки миёни шоҳу вай дилсардӣ андозанд. Онҳо намедонистанд, ки шоҳ ўро озмоиш кардаву беҷиҳат чунин мақоми баланде ба вай насупурдааст. Ҳасудон дар ҷустуҷў буданд, ки ўро ба дом андохта, гарданашро ба дасти ҷаллод бисупоранд.
Шоҳ аз корҳои онҳо огоҳ буд, вале хомўш монда буду онҳоро тамошо карда, дар дил ришханд мекард ва ҳар рўз мақоми ў меафзуд. Оқибат чун дарбориён дар кори худ комёб нашуданд, ба фикр афтоданд, ки барои худи шоҳ доме биниҳанд.
Аммо намедонистанд: «Чароғеро, ки Эзид барфурўзад, ҳар он кас пуф кунад, ришаш бисўзад» ва фикру ҳилаи дигарон дар кори ў беасар аст. Шоҳ ба онон илтифоте намекард, то ҳамчунон дар оташи ҳасад бисўзонд.

пешина
аз 298
навбатӣ