Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

–Ҳоло ту айбҳои ўро бигў!
Ғулом гуфт:
–Айби ў меҳру вафост, айби ў ҷавонмардию сафост.
Гуфт: «Эй шаҳ ман бигўям айбҳош,
Гарчи ҳаст ў мар маро хуш ҳоҷатош.
Айби ў меҳру вафову мардумӣ,
Айби ў сидқу зукову ҳамдамӣ.
Камтарин айбаш ҷавонмардиву дод,
Он ҷавонмарде, ки ҷонро ҳам бидод».
«Айби дигар ин ки худбин нест ў,
Ҳаст ў дар ҳастии худ айбҷў.
Айбгўю айбҷўйи х(в)ад будаст,
Бо ҳама некўву бо худ бад будаст».
Шоҳ гуфт:
–Барои он чи гуфтӣ, бояд савганд бихўрӣ.
Ғулом гуфт:
–Ба бузургии Худо, ба Одаму Ҳаво ва Мўсою Исо, аз ў ҷуз он чӣ гуфтам, чизе намедонам.
Ғуломи аввалӣ, ки аз гармоба баромад, шоҳ дувумиро ба гармоба фиристод ва ба аввалӣ гуфт:
–Ту бо ин ҷамоли зебое, ки дорӣ, ҳама аз дидорат хушнуд мешаванд. Аммо намедонам чаро дўсти ту аз ту бад мегуфт, ки одами бевафо ва ноҷавонмард ҳастӣ.
Ғулом хашмгин шуду фарёд зад:
–Ў ҳамеша душмани ман аст ва чун саге дунболи ман афтодааст ва аз вай бисёр бо бадӣ ёд кард.
Шоҳ бонг зад, ки камтар ёва бигў!
Гуфт: «Донистам туро аз вай, бидон:
Аз ту ҷон гандасту аз ёрат даҳон.
Пас нишин, эй гандаҷон, аз даври ту,
То амир ў бошаду маъмур ту».
Бо ин ҳарфҳо туро шинохтам. Ту ҷонат гандида аст ва аз ботин бадӣ, агарчи рўйи зебо дорӣ ва ў агарчи даҳонаш бадбўст, ҷонаш тозаасту фариштае аст бо чеҳраи одамӣ.

пешина
аз 298
навбатӣ