МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
ДОСТОНИ ПОДШОҲ ВА ДУ ҒУЛОМ
Подшоҳе ду ғулом арзон харид,
Бо яке з-он ду сухан гуфту шунид.
Ёфташ зиракдилу ширинҷавоб,
Аз лаби шаккар чӣ зояд? Шаккароб.
Одамӣ махфист дар зери забон,
Ин забон пардаст бар даргоҳи ҷон.
Чунки боде пардаро дарҳам кашид,
Сирри саҳни хона шуд бар мо падид.
К-андар он хона гуҳар ё гандум аст?
Ганҷи зар ё ҷумла мору каждум аст?
Подшоҳе ду ғулом харид. Яке хушрў, ширинзабон,
боҳушу зирак буд, дигаре зиштрў ва гандадаҳон. Аввалиро ба гармоба фиристоду дастур дод, то ҷомаи нав ба
ў бипўшонанд. Он гоҳ ба дувумӣ гуфт:
–Он дўстат гуфт, ки ту каҷниҳоду номардӣ.
Ғулом гуфт:
–Ў одами ростгўй аст ва айби маро беҳтар медонад.
Гуфт: «Пайваста будаст ў ростгў,
Ростгўе ман надидастам чу ў.
Ростгўйӣ дар ниҳодаш хилқатест,
Ҳар чӣ гўяд, ман нагўям: он тиҳист.
Каж надонам он накўандешро,
Муттаҳам дорам вуҷуди хешро.
Бошад ў дар ман бибинад айбҳо,
Ман набинам дар вуҷуди худ, шаҳо!
Ҳар касе, к-ў айби худ дидӣ зи пеш,
Кай будӣ фориғ вай аз ислоҳи хеш?
Ғофиланд ин халқ аз худ, эй падар!
Лоҷарам гўянд айби ҳамдигар.
Шоҳ гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё