МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
ДОСТОНИ СЎФӢ, КИ МИЗБОНАШ ХАРАШРО ФУРЎХТ
Сўфие дар хонақоҳ аз раҳ расид,
Маркаби худ бурду дар охур кашид.
Обакаш доду алаф аз дасти хеш,
На чун он сўфӣ, ки мо гуфтем пеш.
Марде хаставу кўфта савор бар хараш ба дари хонақоҳе расид. Хуш кард, ки шаб он ҷо бимонад, то ҳам худаш осоише ба даст овараду ҳам хастагии роҳро аз
тан бадар карда, барои идомаи сафар омода шавад. Пас харро ба тавила бурду ба охур баст ва коҳу ҷаву об ба ў дод.
Баъд назди сўфиёни хонақоҳ рафт, ки ўро гиромӣ пешвоз гирифтанду ба шом даъваташ намуданд. Аммо дарвешон «оҳ» дар бисот надоштанд ва барои пазироӣ аз меҳмон дасташон холӣ буд. Муддате буд, ки ғизои сергирашон наёмада буд ва барои пазироии сўфии тозаворид дармонданд. Пас аз машварат бо якдигар тасмим гирифтанд, ки хари сўфиро бифурўшанд ва бо пули он шоми хубе фароҳам созанд. Ва ҳамин корро ҳам карданд.
Эй тавонгар, ки ту серӣ, ҳин маханд,
Бар кажии он фақири дардманд.
Аз сари тақсири он сўфи рама Харфурўшӣ даргирифтанд он ҳама.
К-аз зарурат ҳаст мурдоре мубоҳ,
Бас фасоде, к-аз зарурат шуд салоҳ.
Ҳам дар он дам он харак бифрўхтанд,
Лут оварданду шамъ афрўхтанд.
Дар ҳангоми сахтӣ хўрдани гўшти мурда ҳалол мешавад ва бисёр корҳои бад дар мавқеи ночорӣ хуб шумурда мешаванд. Дарвешон ҳам бо фурўши хару пули он зиёфати пуршукўҳе оростанд ва аз сўфии тозарасидаи соҳиби хар бисёр хуб пазироӣ карданд. Пас аз хўрдану нўшидан ба сурудхонию рақс пардохтанд. Дар миёни айшу ишрату овозхонӣ сўфиён суруде оғоз карданд, ки нақароти он ин ҷумла буд, ки «хар бирафту хар бирафту хар бирафт».
Гоҳ дастафшон қадам мекўфтанд,
Гаҳ ба саҷда суффаро мерўфтанд.
Дарвеши мусофир сархушу хушҳол бо дигарон ҳамовоз шуда ва бо сурур тарона мехонду нақароти онро ба шавқ такрор мекард, то шаб ба поён расиду
дарвешони хаста ба хоб рафтанд. Сўфии мусофир ҳам ҷое хобиду бомдод, ки бедор шуд, асбоби сафари худро гирд овард ва ба тавила рафт, то харашро гираду сафарашро идома диҳад, вале маркабашро он ҷо надид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё