МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
ДОСТОНИ ШОҲУ БОЗ
Подшоҳе бозе дошт, ки бад-ў бисёр алоқаманд буд.
Рўзе аз вай бигрехту ба хонаи пиразане, ки бар лаби танўр ба кори нонпазӣ барои фарзандони худ саргарм буд, фуруд омад. Пиразан ўро бигирифту пояшро баст ва гуфт: Нохунҳои ту баланд шудаанд. Онҳоро чиду сипас ба парҳои ў нигарист. Ба назараш дарҳаму ошуфта омад. Онҳоро ҳам кўтоҳ кард.
Гуфт: «Ноаҳлон накардандат ба соз,
Пар фузуд аз ҳадду нохун шуд дароз.
Дасти ҳар ноаҳл беморат кунад,
Сўйи модар о, ки тиморат кунад».
Меҳри ҷоҳилро чунин дон, эй рафиқ,
Каж равад ҷоҳил ҳамеша дар тариқ.
Шоҳ ба дунболи бози худ ҳамаро ҷустуҷў кард ва ба хонаи пиразан расид. Бозро бадбахту парканда, нохунчидаву зору нолон миёни гарду хок дид.
Гуфт: «Ҳарчанд ин сазои кори туст,
Ки набошӣ дар вафои мо дуруст».
Боз ба забони безабонӣ, аз ин ки аз кохи шоҳ фирор карда ва бевафоӣ нишон додааст, узр мехост ва ба забони ҳол мегуфт:
–Ҳарчанд ман гунаҳгорам, аммо ба сазои худ расидаам. Нохуни шикору пари парвозро ҳам аз даст додам.
Пушаймонам, меҳрубонии ту маро дубора соҳиби нохуну пар хоҳад кард:
Гарчи нохун рафт, чун бошӣ маро,
Барканам ман парчами хуршедро.
Варчи паррам рафт, чун бинвозиям,
Чарх бозӣ кам кунад дар бозиям.
Гар камар бахшим, кўҳро барканам,
Гар диҳӣ килке, аламҳо бишканам.
Охир аз пашша на кам бошад танам,
Мулки намрудӣ ба пар барҳам занам.
Подшоҳро дил бар ў бисўхту пушаймонии ўро пазируфт ва навозишкунон ўро ба хонаи худ бурд.
То нагиряд тифл, кай нўшад лабан?
То нагиряд абр, кай хандад чаман?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё