Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Оби ширгарм ба ў бидеҳ!
Ходим гуфт:
–Эй вой, ман меҳмонро хело дўст медорам, ба чашм!
Сўфӣ гуфт:
– Ҷояшро бирўб!
Хулоса, ҳар чӣ сўфӣ супориш кард, ходим «эй вой»
гуфту фармонбардорӣ нишон дод. Дар охир бархост, ки барои иҷрои фармони сўфӣ биравад.
Ходим ин гуфту миён барбаст чуст,
Гуфт: «Рафтам коҳу ҷав орам нахуст».
Аммо ҳамин ки аз дар берун рафт, сўфию харашро фаромўш карду пайи кори худ рафт. Марди сўфӣ, ки хаёлаш аз бобати хар осуда шуда буд, низ ба хоб рафт.
Дар хоб дид, ки гургон ба хараш ҳамла бурда, гўшти ўро мехўрданд ва сўфӣ мепурсид: «Пас ходими меҳрубони хонақоҳ куҷост?»
Аз хоб бедор шуду дубора ба хоб рафт, боз дид, ки хараш лангон-лангон ба чоҳу чола меафтад. Аз хоб бедор шуд, ба худ гуфт, он ходим бо ман нону намак хўрд, набояд ба ў бадгумон бишавам, ки харамро нигоҳубин накардааст. Аз он сў, хари бадбахт дар оғил аз ташнагию гуруснагӣ меғалтид. Бомдод ходим хари нотавонро пеш андохту ўро бо халачўб меронд.
Хар ҷаҳанда гашт аз тезии неш,
Ку забон, то хар бигўяд ҳоли хеш?
Сўфӣ савори хар шуду ба роҳ афтод,аммо ҳайвони нотавон мадори роҳ рафтан надошт. Мардум ба тасаввури ин ки хар бемор аст, дар ҷустуҷўйи дарду дармон буданд. Ба сўфӣ гуфтанд:
–Ту дишаб аз тавоноии харат сухан мегуфтӣ ва супориши обу ҷав медодӣ, Чӣ тавр шуд, ки харат ба ин ҳоли зору низор афтодааст?
Сўфӣ гуфт:
–Он ки тамоми шаб «эй вой» бихўрд, беҳтар аз ин наметавонад роҳ биравад. Ходими хонакоҳ ба ҷойи коҳу ҷав ба ў «эй вой» хўрондааст. Ҳар кӣ монанди ман ба ходим эътимод кунад, оқибате беҳтар аз ин нахоҳад дошт.
Дар сарзамини дигарон хона бино макун. Кина ба худ роҳ мадеҳ, ки гумроҳ мешавӣ, бад маяндешу бад макун.
Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,
Мобақӣ ту устухону решаӣ.
Гар гул аст андешаи ту, гулшанӣ,
В-ар бувад хоре, ту ҳимай гулханӣ.

пешина
аз 298
навбатӣ