МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Он мард чунин кард, ҳарчанд нигарист, дигар ҳилолро надид. Донист, ки мўйҳои абруяш ба чашмаш чун ҳилол омадаанду ҳамон тавре ки халифа гуфта буд, моҳи нав дида нашудааст.
Чунки ў тар кард абру, маҳ надид,
Гуфт: «Эй шаҳ, нест маҳ, шуд нопадид».
Гуфт: «Оре, мўйи абру шуд камон,
Сўйи ту афганд тире аз гумон».
Чун яке мў каж шуд, ўро роҳ зад,
То ба даъво лофи диди моҳ зад.
Мўйи каж чун пардаи гардун бувад,
Чун ҳама аҷзот каж шуд, чун бувад?
Рост кун аҷзотро аз ростон,
Сар макаш, эй рострав, з-он остон.
Ҳам тарозуро тарозу рост кард,
Ҳам тарозуро тарозу кост кард.
Ҳар кӣ бо норостон ҳамсанг шуд,
Дар камӣ афтоду ақлаш данг шуд.
Бар сари ағёр чун шамшер бош,
Ҳин, макун рўбоҳбозӣ, шер бош.
ДОСТОНИ МОРГИРИ ДУЗД
Моргире море аз моргири дигар дуздиду ба хонаи худ бурд. Аз қазо он мор хашмгин шуду тан ба таслим надод. Афсуни моргири дузд дар ў асар накард ва моргирро газиду кушт. Соҳиби аслии мор аз ҳодиса огоҳ шуду гуфт:
–Худо нигоҳ дорад. Ман дар ҷустуҷўйи ў будам, ки морамро пас бигирам ва дуо мекардам, ғофил, ки чӣ бар сари ў хоҳад омад. Агар дуои ман пазируфта мебуд, акнун ман ба ҷойи ў мурда будам.
Дар дуо мехостӣ ҷонам аз ў,
К-аш биёбам мор, бистонам аз ў.
Шукри Ҳақро, к-он дуо мардуд шуд,
Ман зиён пиндоштам, худ суд шуд.
Бас дуоҳо, к-он зиён асту ҳалок
В-аз карам менашнавад Яздони пок.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё