МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
– Ҳоло донистам, ту пойбанди ҳавои нафс нестӣ ва танҳо дар роҳи Худою фармони Ў шамшер мезанӣ. Он қадар бар худ ҳокимият дорӣ, ки дар авҷи пирўзӣ бар душмани ҷон ўро мебахшӣ. Ман низ ислом меоварам ва бо ҳамроҳи панҷоҳ нафар аз хонаводаи дўстонаш имон оварданду мусалмон шуданд:
Теғи ҳилм аз теғи оҳан тезтар,
Бал зи сад лашкар зафарангезтар.
Сахт хоколуд меояд сухун,
Об тира шуд, сари чаҳ банд кун.
То Худояш боз софу х(в)аш кунад, Ў, ки тира кард, ҳам софаш кунад.
Сабр орад орзуро, не шитоб,
Сабр кун, «валлоҳу аълам би-с-савоб».
ДОСТОНИ УМАР ВА ОДАМИ ХАЁЛПАРДОЗ
Моҳи Рамазон то ба поён нарасад ва рўзадорон ҳилоли моҳро дар осмон набинанд, бояд рўзадор бимонанд, магар ин ки сӣ рўзи тамом рўза гирифта бошанд.
Дар аҳди хилофати Умари Форуқ мардум ба бомҳо рафтанд, то магар ба дидани ҳилоли моҳ поёни моҳи рўзаро ҷашн бигиранд. Аз миёни гурўҳ яке ба халифа фарёд зад, ки моҳро дидааст. Умар бодиққат ба осмон нигаристу моҳро надид. Дигарон ҳам онро бо чашм надиданд.
Чун Умар бар осмон маҳро надид,
Гуфт, к-ин маҳ аз хаёли ту дамид.
Варна ман бинотарам афлокро,
Чун намебинам ҳилоли покро?
Сипас ба он шахс фармуд, ки дасти худро тар кунаду бар абру бикашад ва дубора ба осмон нигоҳ кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё