Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ АЛӢ ВА ҲАМНАБАРДАШ

Аз Алӣ омўз ихлоси амал,
Шери Ҳақро дон мутаҳҳар аз дағал.
Дар ҷанге Алӣ ибни Абўтолиб душмани худро ба замин заду шамшер кашид, ки бикушадаш. Паҳлавон ба рўйи он бузургвор оби даҳон андохт. Алӣ аз куштани ў сарфи назар карду шамшерашро дар ғилоф андохт.
Паҳлавони шикастхўрда аз ин кор ҳайрон шуд.
Гуфт: «Бар ман теғи тез афроштӣ,
Аз чӣ афкандӣ? Маро бигзоштӣ?
Гуфт: «Ман теғ аз пайи Ҳақ мезанам,
Бандаи ҳаққам, на маъмури танам.
Шери Ҳаққам, нестам шери ҳаво,
Феъли ман бар дини ман бошад гуво».
Алӣ фармуд:
– Ман ҷанг дар роҳи Худо мекунам ва туро ҳам бо фармони Ў мехостам бикушам. Аммо чун оби даҳон андохтӣ, агар даст ба хуни ту меолудам, ин кор ба хотири хашму кин мебуд ва аз роҳи Худо гум мешудам.
Он гоҳ Алӣ достонеро баён кард, яъне ҳазрати Расули акрам (с) хабар дода буд, ки фалон кас рўзе туро хоҳад кушт. Ва он мард, ки зоҳиран мусалмон буд, ба дасту пойи Алӣ афтод, ки ўро пеш аз ин ки чунин гуноҳе бикунад, бикушад. Ҳазрати Алӣ бо ин ки яқин дошт, пешбинии Паёмбари Худо (с) рост хоҳад омад, нахост душмани худро бикушад ва нахост, ки хуни касеро ба хотири худ бирезад. Паҳлавон, ки ин достонро шунид:
Гуфт: «Ман тухми ҷафо мекоштам,
Ман туро навъе дигар пиндоштам.
Сипас гуфт:

пешина
аз 298
навбатӣ