Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ ВА ҒУЛОМОН

Луқмони ҳаким марди сиёҳчардае буд ва асири дуздон гардид ва ўро ба ғуломӣ ба марди пулдоре фурўхта буданд. Харидор ҳам ўро нашинохта ва дар сафи ғуломону коргарони худ нигоҳ дошта буд. Дар фасли расидани мева марди пулдор фармон дод, ки ҳама ғуломон барои мевачинӣ ба боғи ў бираванд. Ғуломони дигар бештари меваҳоро хўрданду назди соҳиби боғ Луқмонро гунаҳкор шумурданд. Соҳиби боғ хост Луқмонро танбеҳ кунад. Луқмон, ки донишманди бузурге буд, гуфт:
– Ман ин корро накардаам, вале барои ин ки гунаҳкорро бишиносӣ, маҳлули шўру талх ба ману дигарон бинўшон ва ба ҳама фармон бидеҳ, ки бо шитоб бидаванд.
Он мард супориши Луқмонро пазируфту чунон кард. Ғуломон, ҳамин ки масофате давиданд, ба дамгирӣ афтоданд. Меъдаҳо дар шўридан омаду ҳарчи мева хўрда буданд, берун рехт. Танҳо Луқмон, ки меваро нахўрда буд, оби соф қай кард. Соҳиби боғ гунаҳкоронро шинохту онҳоро ҷазо дод ва Луқмонро навозиш кард.
Вақте ҳикмати Луқмон ин бошад, ки ба ин содагию осонӣ гунаҳкорро аз бегуноҳ бозмешиносад, барои Худованд бандагони гунаҳкорро бо чунин озмоишҳое расво кардан кори мушкил нест.

ДОСТОНИ СЎХТОР ДАР ШАҲР ДАР ЗАМОНИ УМАРИ ФОРУҚ

Дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб дар шаҳре сўхтор шуд. Ниме аз хонаҳою бозорҳо сўхт. Мардум бо талошу кўшиши фаровон ба хомўш кардани оташ даст заданд, вале комёб нашуданд. Ночор гурўҳе назди халифа шитофтанд, ки оташ хомўш намешавад ва кўшиши мардум беасар аст.
Гуфт: «Он оташ зи оёти Худост,
Шуълае аз оташи бухли шумост.
Обу сирка чист? Нон қисмат кунед,
Бухл бигзоред, агар оли манед.
Халифа Умари Форуқ мардумро огоҳӣ дод, ки он моли талафшуда қисмате аст, ки бояд ба нодорону гирифторон ва бенавоён расида бошад. Ва чун бухлу бахилии молдорону дорандагон ва тамаъу ози онон монеи бахшишу кўмак ба ниёзмандон шуда, Худованд бар онҳо хашм гирифтааст. Ҳар кӣ дорад, бояд ба онҳое, ки надоранд, кўмаку ёрӣ расонад.

пешина
аз 298
навбатӣ