МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
– Нўши ҷон.
Боз пурсид:
–Табибат кист?
Бемор бо нороҳатӣ ва ғазаб гуфт:
–Азроил!
Баъд аз он гуфт: «Аз табибон кист ў,
Ки ҳамеояд ба чора пеши ту?»
Гуфт: «Азроил меояд. Бирав!»,
Гуфт: «Пояш бас муборак. Шод шав».
Пас аз ин аҳволпурсӣ кар шодмон аз ин ки ҳамсояи беморро аёдат карда, дили ўро ҳам шод намудааст, бидуни таваҷҷуҳ ба нороҳатии бемор, равонаи манзили худ шуд. Ў хушҳол буд, ки вазифаи ҳамсоягиро ба ҷо овардааст, ғофил аз он ки чун пурсишу посух бар хилофи тасаввури ношунаво, бар қиёсе, ки андешида буд, хуб баромад, марди бемор ўро душмани худ донистааст.
Чун иёдат баҳри дилоромӣ аст,
Ин иёдат нест, душманкомӣ аст.
Хоҷа пиндорад, ки тоат мекунад,
Бехабар, к-аз маъсият ҷон меканад.
Бар ин минвол аст аҳволи мардуме, ки ба пиндори худ ба дигарон рафтор мекунанд ва аз аксуламали дигарон хабар надоранду ба худбиние, ки доранд, гумону пиндорро бо ҳақиқат яке мепиндоранд. Мавлавӣ мегўяд, ки нахустин кас, ки қиёсу пиндорро дар бораи каломи муътабар аслу ҳақиқат қарор дод, Шайтон бувад. Он гоҳ ки Худованд Одамро офариду ба фариштагон амр кард, ки ба ў таъзим кунанд, Шайтон, ки худ низ фаришта буд, ба ин гумон, ки асли ў оташ асту бунёди Одам (а) аз хок ва хок аз оташ пасттар аст, аз фармони Худованд саркашӣ карду бо ин сабаб рондаи даргоҳ шуд. Худо фармуд, ки аслу насаб мавриди тавваҷуҳ нест, балки бартарӣ бо парҳезкорон аст. Ин расми ҷаҳон аст, ки ҳар фарзанде аз падару модар ирс мебарад. Барои пайдо кардани қибла дар рўзи абрнок метавон даст ба домани қиёс зад, вале дар рўзи равшан дар баробари Каъба масъалаи қиёс матраҳ нест.
Набояд дар асоси ваҳму хаёл ба ғурур афтод ё бо як гумон дар ҳаққи дигарон бадгумон шуд. Бар бадии бадон бубахшед ва аз худбинию миннат бипарҳезед. Бо гуфтаи ҳакими донишманд, ҳамон ҷо, ки шароб хўрдаӣ, бихоб, зеро агар маст аз майхона берун равӣ, бозичаи кўдакон хоҳӣ шуд. Халқ ҳамагӣ кўдаконанд, ғайр аз онҳое, ки масти бодаи ишқи Худо бошанд ва аз доми ҳавою ҳавас растаанд. Гумону хаёл ҳаргиз касеро аз ҳақиқат бениёз намекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё