Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Як рўз як қазвинӣ назди устоди сўзанкор меравад ва аз ў мехоҳад, ки бар бозуяш шакле нақш кунад:

Гуфт: «Чӣ сурат занам, эй паҳлавон?»
Гуфт: «Барзан сурати шери жаён,
Толеам шер аст, нақши шер зан,
Ҷаҳд кун, ранги кабудӣ сер зан».
Устод пурсид:
–Ба куҷои баданат шер нақш кунам?
Қазвинӣ гуфт:
– Бар шонаам, то ба ман нерў ва тавоноӣ дар бозу диҳад!
То шавад пуштам қавӣ дар разму базм
Бо чунин шери жаён дар азму ҷазм.
Устоди сўзанкор оғоз ба кор намуду бо неши сўзан, ки бо ранги кабуд бар пўсти тани он мард фурў мебурд, ба тасвири шер пардохт. Аммо ҳамин ки паҳлавон неши сўзанро эҳсос кард, ба дард тоқат наёварду пурсид:
– Куҷоӣ шерро нақш кардан дорӣ?
Гуфт:
– Аз дум шурўъ кардам.
Қазвинӣ гуфт:
– Шер бедум ҳам мешавад. Аз ҷойи дигар шурўъ кун.
Шери бедум бош, гў, эй шерсоз!
Ки дилам сустӣ гирифт аз захми гоз.

Дубора ба маҳзи фурў бурдани сўзан гуфт:
– Даст нигаҳ дор! Ин ҷо куҷои шер аст?
Ҷавоб шунид:
– Гўши ў.
Гуфт:
– Бигузор ин шер бе гўш бошад. Ҷойи дигар бипардоз!

пешина
аз 298
навбатӣ