Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ногаҳон киштибон донишманди наҳвиро садо кард ва аз ў, ки аз тарси ҷон заҳракаф шуда буд, пурсид:
– Оё ту илми шиноварӣ медонӣ?
Наҳвӣ бо шармсорӣ гуфт:
– Не!
Киштибон гуфт:
– Эй донишманди гиромӣ, бо ин бало, ки гирди сари мо мегардад, ҳар кас илми шино надонад, ҳама умраш бар бод аст!
Бод киштиро ба гирдобе фиканд,
Гуфт киштибон бад-он наҳвӣ баланд:
«Ҳеч донӣ ошино кардан? Бигў»,
Гуфт: «Не, эй хушҷавоби хубрў!»
Гуфт: «Кулли умрат, эй наҳвӣ фаност,
З-он ки киштӣ ғарқи ин гирдобҳост».
Маҳв мебояд, на наҳв ин ҷо, бидон,
Гар ту маҳвӣ, бехатар дар об рон.
Оби дарё мурдаро бар сар ниҳад
В-ар бувад зинда, зи дарё кай раҳад?

Ҳар кӣ худро доно ҳисоб карду дигаронро нодон, дар рўзи воқеа ба гил дармемонад ва чун ин донишманди нодону мағрур дар гирдоби фаною нестӣ гирифтор мешавад.

ДОСТОНИ ШЕРИ БЕЁЛУ
БЕДУМУ ШИКАМ

Дар шарҳи ҳоли аҳли Қазвин навиштаанд, ки одаташон чунон буд, ки бар бозу, пушт, сина ва шиками худ бо сўзан задану рондани хуни зери пўст нақшҳои гуногун мезаданд ва ин кор василаи худнамоӣ ва ифтихори онҳо будааст. Дар он шаҳр касоне буданд, ки дар ин кор маҳорат доштанду ҳар кас ҳар шаклу суратеро мехост, бар ҳар як аз аъзои бадани ў нақш мекарданд.

пешина
аз 298
навбатӣ