Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кўзаи оби боронро ба халифа дод. Ў, ки медонист аъробӣ дар биёбон ҳаргиз оби равони гуворо нанўшидааст, нахост хиҷолатзадаву шармандааш кунад. Аз дарёфти ҳадяи ў худро хурсанд нишон дод.
Дастур дод, кўзаро пур аз зар карданд ва ба аъробӣ доданд, то ба диёри худ бозгардад. Ва фармуд, ки дар бозгашт аз канори рўди Даҷла бибарандаш, ки оби равонро бинаду бифаҳмад, ки ҳадяи ў ночиз буда, аммо дар пешгоҳи халифа пазируфта шуда, подоши некўкории худро низ дарёфтааст.

ДОСТОНИ ДОНИШМАНДИ ЗАБОНДОН
ВА КИШТИБОН

Донишманде, ки забон медонисту кораш дастури забон дарс додан буд, ки ба арабӣ онро «илми наҳв»
меноманд, ба киштӣ нишаст, то сафар кунад. Азбаски ба дониши худ мағрур буд, ҳар касро ба чашми камтар нигоҳ мекард. Дар киштие, ки савор шуд, ба киштибон бо такаббур гуфт:
–Оё ту аз илми наҳв хабаре дорӣ ва онро ёд гирифтаӣ?
Ў ҷавоб дод, ки ман корам киштибонӣ асту онро хуб медонам, илми наҳв ҳам нахондаам.
Донишманди забондон гуфт:
–Чун илми наҳв намедонӣ, ними умрат ба бод рафтааст:

Гуфт: «Ҳеч аз наҳв хондӣ?» Гуфт: «Ло»,
Гуфт: «Ними умри ту шуд дар фано».
Дилшикаста гашт киштибон зи тоб,
Лек он дам кард хомуш аз ҷавоб.

Чанде нагузашт, ки дар баҳр тўфоне шуду киштӣ ба гирдобе афтод. Киштибону ҳамкоронаш бо талошу кўшиш дар садади наҷоти мусофирон ва ҷилавгирӣ аз ғарқи киштӣ буданд. Ҳар кас барои ҷони худ мекўшид.

пешина
аз 298
навбатӣ