МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Кам бувадшон риққату лутфу видод,
З-он ки ҳайвонист ғолиб бар ниҳод.
Меҳру риққат васфи инсонӣ бувад,
Хашму шаҳват васфи ҳайвонӣ бувад.
Мард дилаш ба ҳоли зан сўхту ба панди ў дар боби кўшишу талош бештар ва ба даст овардани рўзии гузарон беҳтар дил дод ва гуфт:
Мард гуфт: «Эй зан пушаймон мешавам,
Гар будам кофир, мусулмон мешавам.
Ман гунаҳкори туам, раҳме бикун,
Бармакан якборагим аз беху бун».
Кофири пир ар пушаймон мешавад,
Чунки узр орад, мусулмон мешавад.
Мавлавӣ мегўяд:
–Мўсо (а) ва Фиръавн асири як ирода ҳастанд.
Чунон ки заҳру позаҳр ва торикию нур аз як сарчашмаанд. Мўсо (а) рўзҳо аз Худо мехост, ки ўро ба Фиръавн пирўзӣ диҳад ва шабҳо Фиръавн дар хилват ба даргоҳи Худованд муноҷот мекард, ки ўро назди мардумон саршикаста накунад ва аз Мўсо (а) шикаст нахўрад.
Марде ба занаш гуфт:
–Аз хилофати ту гузаштам ва ҳоло ту агар чизе медонӣ маро, раҳнамоӣ кун!
Зан гуфт:
–Ба ту пешниҳоде дорам. Ин обе, ки мо менўшем, оби нопок аст, ки дар ҳавои покизаи биёбон борид ва мо дар кўза кардем. Дар Бағдод халифа нишастааст.
Одаме аст бахшандаву саховатманд. Оби шаҳр нософ аст. Ба гумони ман, як кўза обро назди вай бибар. Ў, ки марди сахию дасткушод аст, ба ту ҳадя хоҳад дод ва мо аз нодорӣ раҳо хоҳем шуд.
Мард кўзаро дар намад печид ва ба Бағдод равон шуд. Рўзҳо бодияро паймуд, ба Бағдод расид. Ба дари кохи халифа рафт. Нигаҳбонон ўро пазироӣ карданд ва ба пеши халифа бурдандаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё