Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он ду кас гуфтанд: «Мо аз худ пурем,
Имшабаш бинҳему фардояш хурем.
Сабр гирем, имшаб аз хур тан занем,
Баҳри фардо лутро пинҳон кунем».
Гуфт мўъмин: «Имшаб ин хўрда шавад,
Сабрро бинҳем, то фардо бувад».
Мусалмон гуфт:
–Беҳтар аст, ки имшаб ҳалворо бихўрем ва сабрро барои фардо нигоҳ дорем. Он ду нафар гуфтанд: – Нияти ту ин аст, ки ҳалворо танҳо бихўрӣ?
Мусалмон пешниҳод кард, ки ҳалворо се тақсим кунанд. Ҳар кас хоҳад, ҳиссаи худро бихўрад ва ҳар кӣ хоҳад, нигоҳ дорад:
Ҳар кӣ хоҳад, қисми худ бар ҷон занад,
Ҳар кӣ хоҳад, қисми худ пинҳон кунад.
Насронӣ ва яҳудӣ гуфтанд:
–Дар ҳадис аст, ки қисматкунанда аҳли дўзах аст!
Мусалмон гуфт:
–Ин ҳадис мегўяд, ки касе худро байни ҳавою ҳавас ва Худо тақсим кунад, аҳли оташ аст.
Қасди он ду нафар ин буд, ки ба хўрдани ҳалво аз тарафи мусалмон роҳ надиҳанд, то ки мусалмони рўзадор шабро бо гуруснагӣ ва азоб рўз кунад:
Қасдашон он, к-он мусалмон ғам х(в)рад,
Шаб бар ў дар бенавоӣ бигзарад.
Оқибат марди мусалмон пешниҳоди онҳоро пазируфт ва ҳар се ба умед хобиданд. Вақте аз хоб бар- хестанд, ҳар як ба равиши боварии хеш ба ибодати Худованд пардохтанд. Он гоҳ бо хушнудӣ гирдиҳам нишастанд ва яке аз онҳо гуфт:
–Ҳар кас хоби дишаб дидаашро бигўяд. Хоби ҳар касе, ки беҳтар бувад, ҳамон ҳалворо бихўрад.

пешина
аз 298
навбатӣ