Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Илму ҳикмат баҳри роҳу бераҳист,
Чун ҳама раҳ бошад, он ҳикмат тиҳист.
Баҳри ин дукони табъи шўраоб,
Ҳар ду оламро раво дорӣ хароб?
Ман ҳамедонам, ки ту покӣ, на хом
В-ин суолат ҳаст аз баҳри авом.
Ҷаври даврону ҳар он ранҷе, ки ҳаст,
Саҳлтар аз буъди Ҳаққу ғафлат аст.
З-он ки инҳо бигзаранд, он нагзарад,
Давлат он дорад, ки ҷон огаҳ барад.

ДОСТОНИ
СЕ МУСОФИРИ МУСАЛМОН,
НАСРОНӢ ВА ЯҲУДӢ

Як ҳикоят бишнав ин ҷо, эй писар!
То нагардӣ мумтаҳан андар ҳунар.
Ин ҷуҳуду мўъмину тарсо магар
Ҳамраҳӣ карданд бо ҳам дар сафар.

Як яҳудӣ, як мусалмон ва як насронӣ дар сафаре бо ҳам ҳамроҳ шуданд. Ҳодисае пеш ояд, ки зоғе ҷуғзу боз дар як қафас биафтанд ё намозхону бенамозе дар як зиндон гирифтор шаванд ё мардумони гуногун аз шарқу ғарб бар асари барфу борон аз ночорӣ дар як корвонсаро шабро ба сар бибаранд.
Он се ҷаҳонгард ҳам ҳангоми шаб ба корвонсарое расида, дар он ҷо монданд. Дар оғози шаб марди накўкоре барои онҳо ҳалво ҳадя овард. Ду мард – насронӣ ва яҳудӣ, азбаски сер буданд, иштиҳои хўрдан надоштанд, аммо марди мусалмон рўза гирифта буд ва гурусна монда. Бинобар ин, мехост бо ҳалвохўрӣ ифтор кунад. Ду нафари дигарӣ гуфтанд, ки беҳтар аст ҳалворо барои фардо бигузорем.

пешина
аз 298
навбатӣ