МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
З-он ки мебофӣ ҳамасола бипўш,
З-он ки мекорӣ, ҳамасола бинўш.
Худованди бузург агар ба ту камар дода, камарбанд надода бошад, агар сар дода, тоҷ набахшида бошад, ту чаро ба даргоҳи Парвардигор бо чунин бешармӣ муроҷиат мекунӣ? Оё ба андозаи ғуломони амири Ҳирот вафодорӣ ва рознигоҳдорӣ аз худ нишон додаӣ? Касоне, ки шукри неъматҳои ба онҳо атошударо мекунанд, албатта, сазовори бахшиши Худованд мешаванд. Ғуломони амир он ҷомаҳои гаронбаҳо ва аспҳои хушзотро аз роҳи вафодорию посдории ҳаққи амир ба даст оварданд. Дар рўзи озмоиш мардона истодагарӣ карданд ва рози валинеъмати худро ба бегона ошкор накарданд. Ҳол он ки ту аз нодорию нотавонии зудгузари худ забони шикоят мекушоӣ!
Ошиқи он ошиқони ғайб бош,
Ошиқони панҷрўза кам тарош,
Вақти дарди чашму дандон ҳеч кас,
Дасти ту гирад ба ҷуз фарёдрас?
Бояд чун Аёз вафодорӣ биёмўзӣ ва гузаштаи худро аз ёд набарӣ. Аёз кафши куҳна ва ҷомаи жандаи худро, ки дар рўзгори нодорӣ ва пеш аз наздикшавӣ ба Султон Маҳмуд дошт, дар ҷое пинҳон карда буд ва барои ин ки қадри неъмати подшоҳро бидонад, сари ҳар чанд вақт як бор ба ҷойи пинҳонкардааш мерафт ва бо дидани кафшу ҷомаи куҳнаи худ замони нодорию бадбахтии худро ба ёд оварда, дараҷаи вафодорию хидматгузории ў ба шоҳ меафзуд:
Пас ҳамон дарду маразро ёд дор,
Чун Аёз аз пўстин кун эътибор.
Пўстин он ҳолати дарди ту аст,
Ки гирифтаст он Аёз онро ба даст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ