Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз яке пурсид:
– Инҳое, ки бо ин қадар карру фар асп меронанд, киҳоянд?
Гуфт:
–Инҳо ғуломони амири Ҳирот ҳастанд.
Дили дарвеш фишурда шуд. Даст ба сўйи осмон бардошту гуфт:
–Эй Худованд, банданавозиро аз ин амири Ҳирот бубин, ки дастпарварони худро чунин дар нозу неъмат нигоҳ медорад ва сарватмандӣ, вале ту аз ҳоли бандагони худ ғофилӣ:
Банда парвардан биёмўз, эй Худо!
З-ин расид ихтиёри шаҳри мо!
Дарвеш бо ин аҳвол дар шаҳр мегашт, то рўзе шунид, ки подшоҳ бар амири Ҳирот хашмгин шуда, ўро ба зиндон андохтааст. Фитнаҷўён ва бадхоҳон амири Ҳиротро ба молҷамъкунӣ муттаҳам карда буданд. Шоҳ ўро зиндон кард ва ғуломонашро ҳам гирифтор сохта, зери шиканҷа қарор дод, то ин ки ба норостию корҳои бади ўро иқрор шуда, бар зидди ў гувоҳӣ диҳанд ва ҷойи пинҳонкардаи ганҷу пули ўро ошкор намоянд.
Аммо ҳеч як ғулом сухане хилофи амири худ ба забон наёвард, ҳар чӣ бештар озор медиданд, камтар сухан аз даҳони онҳо берун меомад.
Дарвеш як шаб хоб дид, ки ҳотифе ба ў мегўяд:
–Ту сарнавишти амири Ҳирот ва ғуломони ўро дидӣ. Бандагӣ ва банда буданро ҳам аз онҳо биёмўз, ки чӣ тавр озор мебинанду азоб дода мешаванд, вале сухане хилофи амири худ намегўянд!

Гуфташ андар хоб ҳотиф, к-эй киё,
Банда будан ҳам биёмўзу биё.
Эй дарида пўстини Юсуфон,
Гар бидаррад гургат, он аз хеш дон.

пешина
аз 298
навбатӣ