Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳин, ба сабри худ макун чандин назар,
Сабр дидӣ? Сабр доданро нигар.

Ту гумон мекунӣ, ки ҳама чизро медонӣ, аммо дурусту бодиққат диданро нишонаҳое ҳаст:

Он ки кафҳо дид, бошад дар шумор,
В-он ки дарё дид, шуд беихтиёр.
Он ки кафҳо дид, дар гардиш бувад,
В-он ки дарё дид, ў бе ғиш бувад.

Гардиши кафи рўйи обҳо дидӣ, аммо дарёро надидаӣ. Нишонаи дарё дидан ҳайрат аст. Он ки кафро мебинад, асрорро мебинад ва он ки дарёро дид, ҳайрону беихтиёр мешавад. Ҳар ки кафе аз дарёро дид, ҳанўз саргардон ва дар роҳ аст. Он ки дарёро дид, ба поёни роҳ мерасад, аз нигаронию ташвиш раҳо мешавад.
Мавлавӣ дар ашъори дигараш низ дар ин маврид барҳақ фармуда:

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
3-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами дастонам орзуст.
Гуфтам, ки ёфт менашавад, ҷустаем мо
Гуфт: он ки ёфт менашавад, онам орзуст…

ДОСТОНИ ДАРВЕШИ ҲИРОТӢ

Дарвеше бебок аз шаҳри Ҳирот мегузашт. Дар роҳ
саворон ва ғуломони амири Ҳиротро дид, ки бар аспони тозӣ саворанд, ки ҳама зину афзорашон қиматбаҳост
ва бар тан либосҳои зарбофту пурарзиш доранд. Дар ин ҳол, он дарвеши бенаво аз ин диди худ дар шигифт шуд.

пешина
аз 298
навбатӣ