МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
ДОСТОНИ
ХАРИ ОБФУРЎШ ВА АСПОНИ ТОЗӢ
Обфурўше харе дошт, ки аз боркашӣ пушташ пур аз захм буд ва аз бечорагӣ тавоноии роҳ рафтан надошт:
Пушташ аз бори гарон сад ҷой реш,
Ошиқу ҷўёни рўзи марги хеш.
Мирохури шоҳ ошнои он мард буд. Чун ҳоли зори харро дид, пурсид, ки «чаро ин бадбахт ба ин рўз афтодааст?».
Обфурўш гуфт:
– Аз камхўрокӣ ва кори зиёд ҳолаш чунин аст.
Мирохур гуфт:
–Ғам махўр, ўро чанд рўз ба ихтиёри ман бисупор, то дар охури аспони шоҳ ўро парвариш кунам ва ба зудӣ боқувват шавад.
Гуфт: «Биспораш ба ман ту рўз чанд,
То шавад дар охури шаҳ зўрманд».
Харро ба охури шаҳ бурданд ва дар ин ҷо чашмаш ба аспҳое афтод, ки ҳама тандурусту бардам буданд.
Зери пояшон рўбучин шуда буд. Коҳу ҷав пешашон фаровон рехта шуда, саисон пушту паҳлуи онҳоро ҳар дам молиш медоданд. Хар ин аҳволро дида, сар ба осмон карду гуфт:
–Эй Худои бахшанда, ман ҳам яке аз махлуқони туам. Чаро бояд чунин зору низор бошам?
Хар дар ин розу ниёз буд, ки сарбозон ба тавила ворид шуда, апсҳоро зин зада, ба сўйи майдони ҷанг равона шуданд. Шаб, ҳангоме ки аспҳо аз ҷанг баргаштанд, ҳар кадоме бар тан захмҳои зиёд доштанд. Саисон ба ёрии аспҳо шитофта тирҳоро аз тани онҳо берун мекарданд ва захмҳоро мебастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё