МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ман чӣ гўям – як рагам ҳушёр нест
Шарҳи он ёре, ки ўро ёр нест.
Шарҳи ин ҳиҷрону ин хуни ҷигар
Ин замон бигзор то вақти дигар.
Гуфтамаш: «Пўшида хуштар сирри ёр,
Худ ту дар зимни ҳикоят гўш дор.
Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон
Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон».
Табиб аз дард огоҳ шуд, аммо салоҳ донист, ки баногоҳ онро бохабар кунад ва хост, ки ибтидо озмоиши худро собит кунад ва сипас андак-андак шоҳро биёгоҳонад. Бинобар ин, ба шоҳ гуфт:
Гуфт: «Эй шаҳ, хилвате кун хонаро,
Дур кун ҳам хешу ҳам бегонаро.
Кас надорад гўш дар даҳлезҳо,
То бипурсам з-ин канизак чизҳо.
Хона холӣ монду як дайёр на,
Ҷуз табибу ҷуз ҳамон бемор на.
Табиб оҳиста-оҳиста аз канизак пурсид:
Нарм- нармак гуфт: «Шаҳри ту куҷост?
Ки илоҷи аҳли ҳар шаҳре ҷудост».
Ҳамчунон ки канизак саргузашти хешро ба забон меовард, табиб набзи ўро дар даст медошт ва як-як номи шаҳрҳое, ки канизак мешинохт, ба забон меовард ва саршиносони он шаҳрро ном мебурд. Қасдаш ин буд, ки аз ҷаҳиши набзаш дарёбад, ки аз кадом шаҳр аст ва ба чӣ кас дил бастааст. Пеш аз ин ки шоҳ ўро бихарад, ошиқи кӣ будааст:
Номи шаҳре гуфту з-он ҳам даргузашт,
Ранги рўю набзи ў дигар нагашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё