МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
–Эй харон, магар намедонед, ки ман дар марғзорҳо озодона мечаридам ва аз гулу сабзаҳои саҳроӣ мехўрдам. Ман бо ин ҳавои бастаи тавила ва коҳи хушк ошноию созиш надорам.
Гар гадо гаштам, гадорў кай шавам,
В-ар либосам куҳна гардад, ман навам.
Харе гуфт:
– Камтар лоф бизан. Аз мо чӣ фарқ дорӣ?
Гуфт: «Оре, лоф мезан, лофи лоф,
Дар ғарибӣ бас тавон гуфтан газоф».
Гуфт: «Нофам худ гувоҳӣ медиҳад,
Миннате бар уду анбар мениҳад».
Оҳу гуфт:
–Эй хар, магар намебинӣ, ки аз нофи ман бўйи мушк меояд? Аммо чӣ фоида, ки ту ва ҳамҷинсонат ба бўйи саргин одат кардаед ва аз бўйи мушку гулоб хабаре надоред. Барои ҳамин аст намедонед, ки аз ҳамнишинӣ бо шумо чӣ андоза ранҷ мебарам. Гуфтугўйи ман бо шумо бефоида аст ва ман ба танҳоӣ бо дарди худ бояд бисозам.
ДОСТОНИ ОШИҚУ МАЪШУҚ
Он яке ошиқ ба пеши ёри худ
Мешумурд аз хидмату аз кори худ.
Ошиқе пеши маҳбуби худ хидматҳо ва ҷонфишониҳои худро бармешумурд. Мегуфт:
–Дар роҳи ишқи ту ранҷҳо бурдам, тирҳо хўрдам ва озорҳо дидам:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё