МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Шоҳ ба Худо гуфт:
К-эй камина бахшишат мулки ҷаҳон,
Ман чӣ гўям, чун ту медонӣ ниҳон!
Эй ҳамеша ҳоҷати моро паноҳ,
Бори дигар мо ғалат кардем роҳ.
Чун баровард аз миёни ҷон хурўш,
Андар омад баҳри бахшоиш ба ҷўш.
Дар миёни гиря хобаш даррабуд,
Дид дар хоб ў, ки пире рў намуд.
Гуфт: «Эй шаҳ, мужда, ҳоҷатат равост,
Гар ғарибе оядат, фардо зи мост».
Шоҳ хоб дид, ки пире ба ў мужда дод фардо табиби донишманде аз роҳ мерасад ва ба ёрии ў меояду бемории канизакро дармон мекунад. Рўзи баъд шоҳ интизор нишаст, то офтоб баромад.
Дид шахси фозиле, пурмояе,
Офтобе дар миёни сояе.
Мерасид аз дур монанди ҳилол,
Нест буду ҳаст бар шакли хаёл.
Нестваш бошад хаёл андар равон,
Ту ҷаҳоне бар хаёле бин равон:
Бар хаёле сулҳашону ҷангашон
В-аз хаёле фахрашону нангашон.
Он хаёле, ки шаҳ андар хоб дид,
Дар рухи меҳмон ҳамеомад падид.
Бомдод табибе ба шакли пире, ки дар хоб дида буд, ба дарбор омад. Шоҳ ба пешвози ў рафт ва ўро гиромӣ дошт ва адаб кард:
Аз Худо ҷўем тавфиқи адаб,
Беадаб маҳрум гашт аз лутфи Раб.
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад.
Шоҳ меҳмонро боадаб пазируфт ва ба сару рўйи ў бўса заду гуфт. Сипас, достони ишқи худро бо канизак бозгуфт ва ў хост, ки ба дармонаш бикўшад ва ҳар чӣ тавонад, бикунад, то беҳбуд ёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё