Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ИШҚИ ПОДШОҲ ВА КАНИЗАК

Буд шоҳе дар замонҳо пеш аз ин,
Мулки дунё будашу ҳам мулки дин.
Иттифоқо, шоҳ шуд рўзе савор,
Бо хавоси хеш аз баҳри шикор.
Як канизак дид шаҳ бар шоҳроҳ,
Шуд ғуломи он канизак подшоҳ.
Мурғи ҷонаш дар қафас чун метапид,
Дод молу он канизакро харид.
Шоҳ канизро дида ошиқи ў мешавад.
Ўро мехарад, ба хона мебарад ва ҳамсари худ мекунад:
Чун харид ўрову бархурдор шуд,
Он канизак аз қазо бемор шуд.
Он яке хар дошт, полонаш набуд,
Ёфт полон, гург харро даррабуд.
Кўза будаш, об меномад ба даст,
Обро чун ёфт, худ кўза шикаст.
Канизак бемор мешавад ва шоҳи ошиқу гирифтори ў ҳамаи табибонро гирд меоварад, то ўро дармон кунанд. Онҳо омада гуфтанд:
Ҳар яке аз мо Масеҳи оламест,
Ҳар аламро дар кафи мо марҳамест.
Вале:
Ҳар чӣ карданд аз илоҷу аз даво,
Гашт ранҷ афзуну ҳоҷат нораво.
Он канизак аз мараз чун мўй шуд,
Чашми шаҳ аз ашки хун чун ҷўй шуд.
Аз қазо сиркангубин сафро фузуд,
Равғани бодом хушкӣ менамуд.
Шоҳ чун аз табибон навмед шуд ва донист, ки ба дармони ў дармондаанд, рў ба даргоҳи Худо овард ва ба дуо пардохт:
Шаҳ чу аҷзи он ҳакимонро бидид,
Побараҳна ҷониби масҷид давид.
Рафта дар масҷид, сўйи меҳроб шуд,
Саҷдагоҳ аз ашки шаҳ пуроб шуд.

пешина
аз 298
навбатӣ