МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Аз Худованд хостам барои ин ки хушсуханӣ боиси лағзиши ман нашавад, ба ман бахшише кунад, ки аз ҳама ниҳон бошад.
Шуд сухан аз ман, дили хуш ёфтам,
Чун анор аз завқ мебишкофтам.
Гуфтам ар чизе набошад дар биҳишт Ғайри ин шодӣ, ки дорам дар сиришт.
Ҳеч неъмат орзу н-ояд дигар,
З-ин напардозам ба ҷавзу найшакар.
Худованди бахшандаву меҳрубон дуои маро пазируфт ва фасоҳати сухани ман гум шуд, аммо дилам шодмон гардиду он қадар дилхуш шудам, ки бо худ мегуфтам:
–Агар дар биҳишт ҳам инчунин шодӣ дошта бошам, дигар гирди ҳуру қасрҳо нахоҳам гашт. Аз касбу кори пештараам чанд танга доштам, ки барои рўзи мабодо дар остини ҷомаи худ дўхта будам ва медонистам, ки дигар ба он ҳоҷат нахоҳам дошт.
Дар ин ҳол чашмам аз дур ба пирамарде афтод, ки боре аз ҳезум бар пушт дошт ва онро ба сахтӣ мекашид:
Он яке дарвеш ҳезум мекашид,
Хаставу монда зи беша даррасид.
Пас бигуфтам, ман зи рўзӣ фориғам,
З-ин сабаб аз баҳри ризқам нест ғам.
Пеши худ гуфтам, ки ман бо ин ҳама мева дигар ғами рўзӣ надорам. Беҳтар аст ин чанд тангаро ба ў диҳам, то каме хотираш аз ҷиҳати ба даст овардани рўзӣ осуда шавад. Дар ин ҳол пирамард наздик шуду бори худро ба замин гузошт. Нигоҳе тунд ба ман афканду зери лаб чизе гуфт, ки ман нафаҳмидам, аммо танам аз ҳайбати нигоҳи ў ларзид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё