Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ
ЗАРГАРИ ОҚИБАТАНДЕШ

Он яке омад ба пеши заргаре,
Ки тарозу деҳ, ки барсанҷам заре.
Пирамарде назди заргаре омад ва аз ў хост, ки тарозуяшро бидиҳад, то зарҳояшро вазн кунад. Заргар гуфт:
–Эй пирамард, ман ғирбол надорам.
Пирамард гуфт:
–Чаро ришханд мекунӣ? Ман аз ту ғирбол намехоҳам, тарозу хостам.
Заргар гуфт:
–Бидон, ки ман ҷорўб ҳам надорам.
Пирамард фарёд зад:
– Масхарагӣ накун, тарозу биёвар!
Гуфт: Бишнидам сухан, кар нестам,
То напиндорӣ, ки бемаънистам!
Аммо ту марди пире ҳастӣ, дастҳоят меларзад, тиллоҳои ту ҳам хурду резаанд. Аз дастат рўйи хок мерезанд. Баъд аз ин ҷорўб мехоҳӣ, то онҳоро ҷамъ кунӣ.
Баъд ғирбол мехоҳӣ, ки хоку хошокро бибезӣ, ҳол он ки ман на ғирбол дораму на ҷорўб.
Ман зи аввал дидам охирро тамом,
Ҷойи дигар рав аз ин ҷо, вассалом.
З-ибтидои кор охирро бибин.
То набошӣ ту пушаймон явму дин.

пешина
аз 298
навбатӣ