Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

–Тўфон шиддат мегирад ва рўйи кўҳро ҳам об хоҳад гирифт. Дар он ҷо паноҳе нест. Дар киштии ман аз осеб дур мемонӣ.
Гуфт: «Ман кай панди ту бишнидаам,
Ки тамаъ кардӣ, ки ман з-ин дудаам.
Хуш наёмад гуфти ту ҳаргиз маро,
Ман бариам аз ту дар ҳар ду саро».

Канъон, ки номи писари Нуҳ (а) буд, гуфт:
–Ман аз хонадони ту нестам ва ба ҳарфҳои ту ҳам гўш намекунам.
Ҳар чӣ Нуҳ (а) гуфт, Канъон напазируфт, мавҷе расид ва Канъонро аз киштӣ дур кард. Нуҳ (а) даст ба дуо бардошт ва гуфт:
–Худоё, ту ваъда додӣ маро ва хонаводаамро аз ин балои бузург бираҳонӣ. Акнун ба писарам лутф кун ва ўро аз мавҷи бало бираҳон!
Вале Худованд гуфт:

Гуфт: «Ў аз аҳлу хешонат набуд,
Худ надидӣ, ту сапедӣ, ў кабуд?»
Чунки дандони ту кирмаш дарфитод,
Нест дандон, барканаш, эй устод!

Нуҳ (а) аз гуфтори худ пушаймон шуд ва гуфт:
–Эй Худо, ғайри ту дўст надорам. Ту аз ҳама чиз огоҳӣ.
Худованд гуфт:
–Агар ту бихоҳӣ, дилатро намешиканам ва писаратро ба киштӣ мерасонам, аммо ман туро аз нияти ботили ў огоҳ кардам.

Гуфт: «На, на, розиям, ки ту маро
Ҳам кунӣ ғарқа, агар бояд туро.

пешина
аз 298
навбатӣ