МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
–Ман подшоҳи рўйи заминам ва ҷодугарони худро аз саросари кишвар хостам. Баъди чиҳил рўзи дигар ин ҷо гирд меоянду бо ту рў ба рў мешаванд. Мўсо пазируфт. Асои худро ба даст гирифт ва аз дарбори шоҳ берун рафт.
Ду марди ҷавони соҳир буданд, ки корашон рўдаст пешрафт надошт. Аз моҳ шир меҷўшиданд, савор бар хум мешуданду сафар мекарданд, моҳтобро ба шакли карбос дароварда, ба мардум мефурўхтанд, кисаҳои мардумро холӣ мекарданд.
Қосидони Фиръавн онҳоро пайдо карданд ва ба дарбор даъват намуданд. Гуфтанд, ки ду бародар ҳастанд, ки асои яке аз онҳо аждаҳо мешавад. Фиръавн мехоҳад, ки шумо ўро шикаст бидиҳед. Он ду ба фикр афтоданд ва сар бар зону ниҳода дар андешаи рози Мўсо фурў рафтанд:
Чун дабиристони сўфӣ зону аст,
Ҳалли мушкилро ду зону ҷоду аст.
Он гоҳ сари гўри падари худ рафтанд, ки соҳири доное буд. Он ду ҷавон аз рўҳи падар кумак хоста гуфтанд Ту ҷаҳони ростон даррафтаӣ, Гарчи дар сурат ба хоке хуфтаӣ.
Он агар сеҳр аст моро деҳ хабар В-ар Худое бошад, эй ҷони падар!
Ҳам хабар деҳ, то ки мо саҷда кунем,
Хештан бар кимиёе барзанем.
Падар гуфт:
–Агарчи ман дар ҳоле ҳастам, ки ҳар розеро наметавонам бозгўям, аммо шумо пеши он ду мард биравед ва ҳангоме ки дар хоб ҳастанд, он асоро бидуздед. Агар барҳақ бошад, асо ба дасти шумо ҳам аждаҳо мешавад.
Агар дурўғ бошад, ҳамчунон чўб хоҳад монд, зеро соҳиби асо дар хоб тавоноии сеҳру ҷодуро аз даст медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё