Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

–Мо солиёни дароз хидмат кардем. Ин бор тақдир бар мо пешӣ гирифтааст. Пеши ту рўсиёҳ шудем. Агар моро бибахшӣ, ҳангоми ба дунё омадани тифл чораи ўро бикунем.
Фиръавн пазируфт ва нуҳ моҳ рўзшуморӣ мекард.
Рўзе ситорашиносон ба ў гуфтанд, ки ҳама занонро ба майдон бихонанд, то бо навзодҳояшон ҳозир шаванд ва Фиръавн дастури ҳозиршавӣ дод.
Занони исроилӣ бехабар аз нияти шуми Фиръавн бо навзодҳои худ ба майдон омаданд, то шоҳро бубинанд ва аз ў ҳадя бигиранд. Ҳамин ки ҳама омаданд, Фиръавн фармон дод, ки кўдакони писаронро бигиранду ҳамаро сар бибуранд. Аммо зани Имрон бо навзоди худ дар хона монд. Хабарчинҳо ба маъмурон хабар доданд, вале он зан, пеш аз ин ки онҳо бирасанд, ўро ба амри Худо дар танўр пинҳон кард. Оташ Мўсоро насўзонд. Аммо бори дигар ба Фиръавн гуфтанд, ки дар хона кўдаке ба дунё омадааст. Боз ваҳй омад ва зани Имрон кўдакро дар об андохт.
1 Боз ваҳй омад, ки дар обаш фикан,
Рўй дар уммед дору мў макан.
Мўсоро хонаводаи Фиръавн аз об гирифтанд ва зани Фиръавн дар ниҳон ўро парвариш дод, то бузург ва пайғамбар шуд ва бо дастёрии бародараш Фиръавнро ба парастиши Худои якто хонд, аммо Фиръавн напазируфт ва аз ў муъҷиза хост. Мўсо асои худро ба замин партофт ва аждаҳо шуд ва ҳар чӣ дар сари роҳ буд, даркашид. Мардумон аз пеши рўйи ў мегурехтанд, ҷамъе зердасту тобеи ў шуданд.
Фиръавн Мўсоро сарзаниш кард, ки чаро мардумро фиреб медиҳӣ ва мекушӣ?
Мўсо гуфт:
–Ман ба фармони Худо бо ту ҳам меҷангам.
Фиръавн гуфт:

. Ваҳй – паём ва илмҳое, ки Худованд ба паёмбаронаш мефиристад.

пешина
аз 298
навбатӣ