Аз пайи паланг

ста, ҳайрон-ҳайрон аз тани ларзонаш чашм намеканданд. Назокат-хола аз банди говаш дошта, баланд фарёд мекард:
– Эй пирҳои бетадбир! Садқаи ин хел гов шавед! Ширу маскаша солҳо боз мехурдед. Акнун омада-омада барои шумо девона шуд.
Хоби даҳшатноки кампирро нолаи ҷонкоҳе қатъ кард. Ӯ зуд хесту саргиракашро кофта наёфт ва калӯшҳояшро пӯшида, сарлуч ғур-ғуркунон ба оғилхона наздик шуд. Субҳ медамид.
Дар саҳни васеи оғил гов нолиш мекарду бо фукаш чизеро меҷунбонд.
– Эҳ, вой! Ин чӣ гап? Чӣ кор кардам мани кампири гаранг?
Мардакам аз сафар биёяд, чӣ мегӯяд?
Гӯсолаи навзод беҳис мехобид. Гов гирди гӯсола беист чарх зада, маос мезад, даме истода гӯсоларо мелесид. Кампир бо дастони лоғари шахшӯлаш пушти гӯсоларо молида, ӯро хезонданӣ мешуд. Аммо ӯ ҳамоно беҳаракат мехобид. Аз бонги имдодталабонаи гов ҳамсояҳо бедор шуданд. Онҳо ба Назокат-холаи гирёну гӯсолаи беҷон нигариста, хомӯшона сар меҷунбониданд.
– Ҳамсояҳо, акнун чӣ кор кунам? Ин мардак биёяд, чӣ ҷавоб медиҳам?
– Эй холаҷон, чӣ ин қадар худатро обу адо мекунӣ? Мо ҳам гов дорем, гап дар ин не. Ба гови бечора мушкил. Барои ҳайвон ҳам ҷигарбандаш ширин.
– Чӣ кор кунам, Саидҷон? Мани заиф чӣ кор кунам?
Саиди шофбурут, ки чандин молу гови деҳаро аз ҳаромшавӣ нигоҳ дошта, ҳалол карда буду то ин дам мулоҳизакунон менишаст, корди калони якдамаашро баровард.
– Аз шишта нигоҳ кардан чӣ фоида? Гӯсола дигар зинда намешавад. Шир бошад, даркор.
Кампир ба гӯсолаи хобидаю модагови меҳрубонаш нигариста, чашмони худро бо нӯги остин поккунон беихтиёр «не»
гуфт.
– Оча, розӣ шавед. Охир, ба наберачаатон шир даркор. Вай ба шири гов одат кардагӣ.
– Хайр, ихтиёр. Фақат дар пеши ман не! – гуфт кампир ва рӯяшро дигар сӯ тофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё