Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

7ВМ Е Ҳ Р

Нисфишабӣ кампир бори охирин назди гов омад. Чароғи оғил месӯхт. Дар рӯшноии он модагов кавша мекард. Ба сояаш назар андохта, чизеро меҷуст. Чашмонаш аз будашон калонтару варамида менамуданд. Беқаророна по ба замин мекӯфт.
Ӯ соҳибашро дидан замон фарёде кашида, аз ҷунбуҷӯлу пойкӯбӣ бозистод. Кампир модаговро хору мол карда, даст ба шиками варамидааш бурд. Гов рамуз гирифта, хомӯшона ба чашмони чӯкидаи кампир менигарист.
– Ҳа, имшаб то саҳар, Худо хоҳад, таваллуд мекунӣ. Дардат сабук мешавад... Ҳо, дар кавшаҳош, а! Ана, гӯсолаи қашқаи перорсолаат гов шуд. Гови чор кас медидагӣ. Ҳамсояҳо, дидагиҳо, ҳама таърифаш мекарданд. Афсӯс, ки боумед калон кардему дар охир бозор бурдем. Рӯзгор, эҳтиёҷот...
Модагов чизеро фаҳмидагӣ барин фаш-фашкунон намаки охурчаро мелесид. Кампир ба охурча як қабза алаф партофт.
Ба ҷойгаҳ дароз кашидан замон хоби кампир ғалаба кард...
Гови ҳамсоя беист медавид. Ғӯлачӯбе дар гарданаш овезон буд. Ғӯлачӯб ӯро монда кард, ки даваш суст шуд.
– Ҳой, мардак, ин гови гаранг охир сараша худаш мехура мегум. Чӣ балое дора, ки ай пода доим мегуреза. Дар гарданаш чуб ҳам бастем, давоша наёфтам. Ана, имруз ай нимрузӣ аллакай гурехтаст.
– Занак, медонӣ, гов дар ҳасрати ҳамун гӯсолачаи мурдагиаш девона шудай. Шохзан шудай.
Гови Назокат-хола калаашро ҷунбон-ҷунбон ба назди гови ҳамсоя омад. Онҳо ба чашмони якдигар менигаристанд.
Сиёҳак шиками варамидаи ӯро лесида, гӯшҳояшро як ҷунбонду маоси сахте кард.
– Ҳой, кампир, ягон чӯб гирифта биёр. Ин Сиёҳак тамоман аз худ рафтагӣ, ягон каса боз натарсонад.
Мӯйсафед чӯбро ба сари Сиёҳак бардоштанӣ буд, ки гов шикоятомез нолише бароварда, ӯро сур кард. Мӯйсафед медавид, гов аз қафояш. Кампир доду фарёдкунон мардакашро ба хона даровард. Онҳо ҳар ду аз тиреза ба гови пурхашм нигари-

пешина
аз 193
навбатӣ