Аз пайи паланг

ки сайёҳони навбаромади дар китф камондорро медид, як бор «қиғ» гуфта, чӯҷаҳояшро ҷои бехавф паноҳ мекард. Онҳо садои «қа-қи»-и модарро шунида, аз талвосаи ҷон ба чор тараф гурехта, ба сӯрохӣ ё таги буттае руст мешуданд. Рангу пашмакҳои нави чӯҷаҳо ба ранги рег, алаф, хоки ин диёр монанд буд. Ҳатто, чашмони тезбин ҳам онҳоро ба осонӣ дарнамеёфтанд. Чӯҷаҳои навбол, ки аз калакӣ баромадаанд, зуд парвозро ёд мегиранд.
Аммо дастгир кардани чӯҷаи кабк дар ин давра боз дар миёни шаху кӯҳпораҳо осон нест...
Он бегоҳи шум модакабк бо чор чӯҷаи навпараш, ки андаке ҳушёру чаққон буданд, сайру гашт дошт. Модакабк бо чӯҷаҳояш хушбахт буд ва ин лаҳза бо фарзандонаш пеш рафта, торафт дарунтари кӯҳсор медаромаду аз бахти баландаш хаёле меболид. Аз боду ҳавои пуртаровати ин гӯшаи кӯҳистон завқ бурда, ба чор тараф нигоҳ мекард. Чӯҷаҳояш кунҷковона даву пар доштанд. Яке модакабк дар ҷояш истод, баданаш сахт ларзид, қариб аз ҳуш рафта буд. «Қиғ» гуфта чӯҷаҳоро аз фалокат огоҳ кард, вале аллакай дер шуда буд, чӯҷаҳои бетаҷриба ба ҳар сӯй фирор карданд.
Модакабк дарзамон бӯйи доруи камонро ҳис кард. Ин бӯйи нафратовар вуҷудашро сӯзонду безобитааш намуд. Аввал сару калобаашро каме гум кард. Чор тараф назар дӯхта дид, ки чӯҷаҳояш ҳар ҷо паноҳ бурдаанд. Ҳарчанд онҳо дар ҷои сералаф пинҳон гаштанд, вале дили модакабк биму тарс дошт.
Сайёди бераҳм овози чӯҷаҳоро шунида, аз рӯи таҷрибааш фаҳмид, ки ин овози чӯҷаи кабк аст ва саросема милтиқашро гирифта, ба он тараф давид. Модакабк ҳис кард, ки ҷони чӯҷаҳояш дар хатар аст, «қи-қи», «қа-қа» гуфта онҳоро огоҳ кард, ки аз зери гулхорҳои пинҳоншудаашон берун набароянд.
Аз байн ду-се соат гузашт, модакабк ҳамоно хавф дошт, ки шикорчӣ ҷое нишаста онҳоро мепояд. Ӯ медонист, ки одамизод ҳилаву найранги зиёд дорад ва барои ба даст овардани чӯҷаи кабке лозим шавад, соатҳои дароз ноҷунбон меистад.
Модакабк аз дил гузаронд, ки рафтору кирдори гургу рӯбоҳ дар назди ин тоифа одамон ҳеҷ аст.
Ин дам суроби шикорчӣ нохост пайдо гашту дар қади дара

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё