Аз пайи паланг

канортари деҳа ҷойгир буд, равон шуд. Ба ҳотаи шикорчӣ, ки саросари он бо шохаи беду аръар, навдаи дӯлона ва хор шиғ гирифта шуда буд, расид ва дар кунҷи хандақ қарор гирифту гӯш ба қимор истод.
Мардуми деҳа ҳама масти хоб буданд ва ба бахти хук як ҳафта боз қувваи барқ қатъ гардида, чароғҳо хомӯш буданд.
Хуки ёбоӣ фурсатро ғанимат дониста, ба полези ҳавлӣ ҳуҷум кард. Ӯ фукашро ба киштзор зада, аз як лаб полезҳоро шудгор мекард. Меваҳоро мехӯрду бо пояш мешакид. Ӯ боҳавсала тарбузу харбузаҳоро решакан карда, ҷӯяки лӯбиёро ба хок яксон намуда, баъд ба ғаллазор даромад. Бевақтии шаб шикорчӣ аз садои даҳшатноки ҳаёҳӯй, чӣ-чӣ ва хур-хури хуки ёбоӣ бедор шуда берун давид. Дар торикии шаб дид, ки ҷонвари бадвоҳимае ҳотаашро хукшӯр дорад. Ҳарчанд фарёду фиғон кард, ҳайвон дур нашуда, балки зиёдтар полезро такурӯ кардан гирифт. Ночор милтиқашро оварда, сӯи ҷонвар тир андохт.
Дами саҳарӣ шикорчиро манзараи даҳшатовар, вайрону валангор ва хоктӯдаосои полез гӯё девона кард. Ӯ ноилоҷ дандон ба дандон монда, ба ҳафт пушти хукҳо лаънат хонда, қавл дод, ки то охирин хуки ин дараро нест накунад, ором намегирад...
Модахук аз баҳри шикор гузашта, мехост ҳарчи тазтар ба назди бачаҳояш баргардад, метарсид, ки мабодо шикорчӣ паногоҳи хукбачаҳоро пайдо созаду охирин нишонаи нархуки хокистаррангро нест кунад. Хуки пир аз рӯи ғариза дарёфт, ки дар ин хунукӣ беҳуда гаштан дигар фоида надораду бояд ба ҷои касмадиде паноҳ барад. Ӯ дар бозгашт решаи наю ҷӯробоқ, олучаю себи ёбоӣ кофта хӯрд. Бо фукаш бехи чормағзи кӯҳнаеро кофта, чанд дона чормағз ёфта, сипас хурсандона роҳашро идома дод. Ҳавои сарди бегоҳӣ мисли даҳони аждаҳо аз худ ҳаври хунук бароварда, шамоли саҳро ба шоху панҷаҳои ниҳолон ҳуҷум дошт. Дар ин беша танҳо селаи зоғҳои ало бепарвоёна бол кушода, бо шаст ба баргу пояи дарахтон нишаста, тефҳои худро метакониданд. Садои қар-қари зоғҳои маст ба оҳанги баргрезӣ ҷӯр гашт. Хуки ёбоӣ хаёл кард, ки дар дили ин саҳрои васеи беохир танҳо аст. Ӯ ҳиҷ гумон надошт, ки дар ҳамин сардию даҳшати шамол шикорчии сур-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё