Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

пачақ, лонаашро харобу валангор дарёфт. Бо дили зору дидаи гирён қад-қади соҳил парвоз кард. Мехост ин маконро тарк карда, ба кишварҳои гарм биравад. Ин фикр якбора ӯро ба худ овард. Охир, бо ин боли захмину меъдаи холӣ дур рафта наметавонад... Шабона парвоз мекарду рӯзона зери сангу миёни шохаҳо пинҳон мешуд. Ба хӯроки кам – ду-се пашша ё ҳашараи хурд қаноат карда, роҳашро давом медод.
Парвоз шабона хатарнок аст. Дар торикӣ ҳар замон ба бумҳои бераҳму селаи кӯршапаракҳо рӯ ба рӯ мешуд, вале илоҷе намуда, базӯр роҳашро дигар карда, парвозро барои расидан ба кӯи мақсуд идома медод. Намедонист, ки ҳамҷинсонашро пайдо мекунад ё на. Барояш ин муҳим набуд, балки парвоз, ёфтани макони нав, манзили бехавфу хатар-ана, ҳамин буд мақсади сафари тӯлонии вай. Дигар шудани маҷрои зиндагиро бо чашми худ медид, вале бовар намекард, ки дунё дигар шудааст ва одамизод кӯҳу ҷангалҳоро аз худ карда, мавзеъҳои табииро ба хости худ сурати дигар бахшидааст.
Санговдавак ба хотири расидан ба соҳили мурод ҳамоно дар парвоз буд. Ба куҷо, аниқ намедонист.

М А Р К А Б

Ба хари бесоҳибмонда роҳгардӣ мушкил гашт. Охири фасли хунукӣ коҳу алаф ёфтан осон нест. Шояд соҳибаш аз хар барои ҳамин ҷудо шуд. Нахост, ки ему хошоки гову молашро бо хар тақсим кунад.
Ҳоло маркаб дар кӯча сарҳуй мондааст. Ҳайвони бечора фих-фих карда бо умед ба атроф нигоҳ дошт. Оқибат дид, ки касе соҳибаш намешавад. Акнун маркаби пир дар кӯчаҳои деҳа базӯр-базӯр роҳ рафта сарпаноҳ мекофт. Пойҳояш аз зарби хунукӣ дир-дир ларзида қариб фукаш ба замин мезад. Хари мискин аз ин рафтори одамон ҳайрон буд. Ба онҳо чӣ бадӣ кардаам? Магар хизмати соҳибамро қадр надоштам? Чаро Карим дар чунин айёми сард соҳибам нашуд?
Маркаби сода ҳоло ҳам аз соҳибаш умед дошт, ки баъди

пешина
аз 193
навбатӣ